Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 7 шарики Ал-Қоида дар Барселона


Вазорати умури дохилаи Испания мегӯяд, зимни амалиёт алайҳи гурӯҳе, ки ба таҳияи шиносномаҳои ҷаълӣ барои як созмони марбут ба шабакаи Ал-Қоида гумонбар мешуд, дастикам 7 нафар боздошт шудааст. Вазорат пиромуни амалиёт ҷузъиёт надодааст, вале радиои Испания мегӯяд, боздоштшудагон ба гурӯҳе тааллуқ доранд, ки дар Таиланд асос ёфта, бо Лашкари Таййибаи Покистон, масъули ҳамлаҳои террористии ду соли пеш дар Мумбайи Ҳинд робита доштааст. Ин 7 нафар шоми сешанбе ва субҳи имрӯз дар Барселона ва атрофи он дастгир шудаанд.
Матбуоти Испания мегӯяд, ин афрод ағлаб покистонӣ буда, ба дуздии шиносномаҳо ва ирсоли асноди бознависшуда ба Таиланд машғул будаанд.
XS
SM
MD
LG