Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои Испания барои раҳоӣ аз буҳрон


Сарвазири Испания эълон кард, ки давлаташ ба хотири рафъи нигаронии бозорҳо нисбат ба суботи иқтисодии ин кишвар 30 дарсад саҳми худ дар як лотореяи давлатиро ба фурӯш зада, фурудгоҳҳои Мадриду Барселонаро низ қисман хусусӣ хоҳад гардонд. Хосе Луис Запатеро ба парлумон гуфт, Мадрид пардохти 420 евро ёронаҳои моҳона ба онҳоеро, ки нафақаи бекориашон тамом шудааст, низ қатъ хоҳад кард.
Ин иқдомот ба манзури таскини хотири сармоягузоронест, ки метарсанд, мабодо Испания ҳам ба дунболи Юнону Ирландия ба вартаи буҳрони қарз биафтад. Мадрид алакай пиромуни коҳиши харҷҳояш ба маблағи даҳҳо миллиард евро эълон кардааст. Аз вартаи буҳрон берун кашидани Испания, ки чаҳорумин иқтисоди бузург дар байни 16 кишвари минтақаи еврост, имтиҳони сахте барои низоми молии Аврупо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG