Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 тан бар асари сардӣ дар Аврупо


Барфбориҳои шадид ва ҳарорати сарде, ки саросари қораи Аврупоро фаро гирифтааст, дастикам 8 нафари бехонавударро дар Лаҳистон кушта ба ҷо гузошт. Чандин фурудгоҳ, аз ҷумла Гатвик, аз шулуғтарин фурудгоҳҳои Бритониё, фурудгоҳҳои Эдинбурги Шотландияву Лиони Фаронса ва ҳам Женева, дуввумин фурудгоҳи бузурги Швейтсария ба далели зери кӯрпаи ғафси барф мондани хутути парвоз баста шудаанд. Ҳаракати қаторҳои “Eurostar” тавассути нақби зери гулӯгоҳи Ла-Манш низ қатъ шуда, дирӯз танҳо дар роҳҳои Олмон ҳудуди 2000 садамаи нақлиётӣ мушоҳида шудааст.
Сардтарин ҳарорат – 26 дараҷаи зери сифр, тибқи ҷадвали Селсий, шаби гузашта дар Бяоластоки Лаҳистон сабт шуд.
XS
SM
MD
LG