Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Клинтон аз ризоияти Эрон ба музокирот


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар ҳошияи нишасти САҲА дар Остона гуфт, маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама аз ризоияти Эрон барои бозгашт ба Женева ба даври нави музокироти барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш рӯҳбаланд шудааст. Хонум Клинтон гуфт, дар ин музокирот, ки бояд ҳафтаи оянда бо ширкати Амрикову Бритониёву Фаронса ва Чину Русияву Олмон гузарад, ба Теҳрон барои рафъи нигарониҳои мавҷудаи байналмилалӣ пиромуни барномаҳои ҳастаияш як шонси дигар пешниҳод хоҳад кард.
Амрикову кишварҳои дигар бар ин назаранд, ки Эрон пинҳонӣ барномаи сохтани силоҳҳои ҳастаиро пеш мебарад. Аммо Эрон ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG