Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи хабарнигорони тоҷик ба раиси давраии САҲА


Масъулони чанд расонаи мустақили Тоҷикистон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти САҲА дар назди сафоратхонаи Қазоқистон дар Душанбе ҷамъ омада, бо супурдани як нома хостори мусоидати Остона ба ҳайси раҳбари давраии ин созмон ба ҳалли мушкилоти озодии матбуот дар Тоҷикистон шудаанд. Ба ин нома аъзои “Кумитаи 29 сентябр”, аз ҷумла Саймуддин Дӯстов, муассиси ҳафтавори “Нигоҳ”, Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири “Фараж”, Зафар Абдуллоев, муассиси хабаргузории “Авасто” ва Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон имзо гузоштаанд. Оқои Қаршибоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи онҳо ҷалби таваҷҷӯҳ ба мавридҳои нақзи озодии матбуот дар Тоҷикистон буд.
Дар моҳи октябр дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетӣ дар Тоҷикистон масдуд шуда, се нашрияи мустақил - “Нигоҳ”, “Фараж” ва “Пайкон” – муваққатан аз нашр бозмонд.
XS
SM
MD
LG