Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус аз захираи уранаш даст мекашад


Беларус гуфт, то соли 2012 аз тамоми он захоираш, ки барои тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ истифода мешуд, даст хоҳад кашид. Ин хабар дар ҳошияи нишасти САҲА дар Остона аз ҷониби вузарои хориҷаи Амрикову Беларус Ҳилларӣ Клинтон ва Сярҳей Мартинав эълон шуд. Клинтон гуфт, Амрико ба Беларус дар роҳи аз байн бурдани захираҳои урани дар сатҳи баланд ғанишудааш кумаки моливу фаннӣ хоҳад расонд. Ҳаҷми ин захираҳо эълон нашудааст, вале бовар меравад, ки барои сохтани дастикам чанд бомби ҳастаӣ кофӣ бошад. Беларус аз таслиҳоти ҳастаии аз Шӯравӣ меросбурдааш дар соли 1994 даст кашид, вале захираи урани ғанишудааш боқӣ монда буд.
XS
SM
MD
LG