Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Путин ба Ғарб дар масъалаи мушакҳо


Сарвазири Русия Владимир Путин гуфт, Русия дар сурати аз шабакаи дифоъи зиддимушакии Ғарб берун монданаш даст ба истиқрори таслиҳоти ҳастаӣ ва нирӯҳои зарбазан хоҳад зад.
Путин дар мусоҳиба бо телевизиони амрикоии CNN бо ишора ба тавофуқи ахири Русияву НАТО дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши дифоъи зиддимушакӣ гуфт, таҳдидҳои мушакӣ алайҳи Аврупо бояд муштаракан рафъ шавад. Аммо ӯ афзуд, агар пешниҳоди Маскав радд шуда, таҳдидҳои нав дар ҳошияи марзҳои Русия зуҳур кунад, Русия бояд ба хотири таъмини амнияташ иқдом кунад. Як рӯз қабл айни ҳушдор аз сӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳам садо дод. Ин ҳама дар ҳолест, ки тасвиби тарҳи нави START, қарордоди коҳиши таслиҳоти стротежии ҳастаӣ, ки Русияву Амрико моҳи апрел имзо карданд, дар Сенати Амрико зери норӯшаниҳо қарор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG