Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози нишасти САҲА дар Остона


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар рӯзи аввали нишасти САҲА дар Остона, пойтахти Қазоқистон, аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, бо таҳияи барномаи мушаххаси амал ҷиҳати таҳкими амният дар саросари ҷаҳон аз ин созмон пуштибонӣ кунанд. Хонум Клинтон ҳамчунин хостори нақши бузургтаре дар Афғонистонро касб кардани САҲА шуд. Ӯ афзуд, ин созмон бояд ба масоили ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсонӣ низ таваҷҷӯҳи бештар нишон диҳад: “Мо бояд ба кӯтоҳиҳои ҷиддӣ дар роҳи иҷрои уҳдадориҳои мо ҷиҳати эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва озодиҳои аслӣ расидагӣ кунем. Калиди ояндаи ин минтақа ва САҲА ба сурати умум ҷомиаи шаҳрвандии нерӯманд аст. “
Нишасти дурӯзаи Остона нахустин нишасти САҲА дар сатҳи олӣ дар 11 рӯзи охир аст. Қазоқистон нахустин кишвари пасошӯравист, ки раёсати ин созмони иборат аз 56 кишварро бар дӯш гирифт, вале мунтақидон мегӯянд, Қазоқистон ба маҳзи вазъи бади ҳуқуқи башараш интихоби хубе ба ин симат набуд.
Дар нишасти САҲА дар Остона, қарор аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ суханронӣ кунад.
XS
SM
MD
LG