Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

240 маризи сил дар зиндонҳои Тоҷикистон


Дар ҳоли ҳозир дар маҳбасҳои Тоҷикистон 240 маҳбуси гирифтори сил сабт шудааст. Саъдулло Саидалиев, масъули табобати бемориҳои сил дар маҳбасҳои Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, 132 маҳбуси маризи сил аз ин миён дар ҳамин соли ҷорӣ ташхис шудаанд. Ӯ афзуд, тайи 5 соли дар зиндонҳо ҷорӣ шудани ДОТС, барномаи вижаи табобати амрози сил, ин барнома ба ҳамаи маҳбасҳои кишвар роҳ ёфта, дар ин муддат беш аз 1500 маҳбуси маризи силро ба табобат фаро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG