Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо AIDS ва HIV


Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории қаттоли AIDS ва ангезандаи ин беморӣ, вируси HIV мебошад. Ҷамъи гирифторон ба ин бемории қаттол дар дунё 33 миллион нафар рақам зада мешавад. Бино ба охирин омор, дар Тоҷикистон дар як соли охир 483 мавриди нави гирифторӣ ба ин маризӣ сабт шуда, ҷамъи гирифторон то имрӯз ба 2 336 нафар мерасад, ки 492 нафараш занон, бо шумули 125 зани ҳомила будаанд. 55 дарсад аз ин шумор тавассути истифодаи маводи мухаддир, 28 дарсад бо роҳҳои ҷинсӣ мубтало шуда, 10 дарсад аз гирифторон муҳоҷирон будаанд. Бо ин ҳол, манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, шумори воқеъии гирифторон ба AIDS ва HIV дар Тоҷикистон назар ба омори расмӣ метавонад ба маротиб бештар бошад.
XS
SM
MD
LG