Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар мадориси хориҷӣ то 300 тоҷики дигар боқӣ мемонад


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ба маълумоти онҳо, дар ҳоли ҳозир дар мадориси мазҳабии хориҷӣ ҳудуди 300 толибилми дигари тоҷик боқӣ мемонанд, ки низ ба зудтарин фурсат ба ватан баргардонда хоҳанд шуд.
Сухангӯи ин вазорат Давлат Назриев гуфт, то имрӯз беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Мисру Покистон ва Эрон ба сурати ғайриқонунӣ таҳсили дин мекарданд, пас овардаанд.
Ҳазинаи бозгашти ин афрод асосан аз ҳисоби волидайни онҳо пардохт шудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи август мадориси хориҷиро як манбаъи ба ифротгароӣ ва ҳатто терроризм гароидани толибилмони тоҷик номид ва аз волидайни онҳо даъват кард, фарзандони худро пас бихонанд.
Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, ки бо сафаре дар Эрон қарор дорад, аз мақомоти он кишвар хостааст, то ҳудуди 200 толибилми тоҷикеро, ки дар мадориси Эрон таҳсили дин мекунанд, ба риштаҳои улуми дақиқу фаннии донишгоҳҳои он кишвар ба таҳсил фаро бигиранд.
XS
SM
MD
LG