Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти гурӯҳе аз рӯзноманигорони тоҷик ба Нурсултон Назарбоев


Ҳамзамон бо баргузории нишасти САҲА дар Қазоқистон - раҳбари даврии САҲА масъулини чанд расонаи мустақили Тоҷикистон дар назди сафорати он кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, номаи нигаронии худро аз вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон тақдим намуда, хостори кӯмаки САҲА шудаанд.

Дар ин нома ба унвонии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ки кишвараш раёси давраии САҲА -ро ба ӯҳда дорад, хабарнигорон аз фишор болои матбуот ва басташавии расонаҳои озод изҳори нигаронӣ карда, хостори мусоидати Қазоқистон ба унвони раиси даврии САҲА дар рафъи ин маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон шудаанд.

Ба ин нома, аъзои Кумитаи 29 -уми сентябр, аз ҷумла Саймуддин Дӯстов, муассиси ҳафтаномаи "Нигоҳ", Зафар Абдуллоев, муассиси хабаргузории "Авесто", Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж" ва Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ имзо гузоштаанд.

САҲА аз вазъи матбуот дар Тоҷикистон нигарон аст

Дар пайи адами дастрасӣ ба чанд сомонаи маъруфи дохиливу хориҷии интернетӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла avesta.tj, tjknews.com, ferghana.ru, centrasia.ru САҲА нигаронии худро аз вазъи озодиҳои матбуот дар Тоҷикистон баён карда буд.

Қаблан Дуня Миятович дар номааш ба вазири хориҷаи Тоҷикистон аз парвандаҳои зидди чандин нашрия, бо шумули “Азия Плюс”, “Фараж”, “Озодагон”, “Пайкон” ва “Миллат” низ ёдовар шуда, гуфта буд, баста шудани ин нашрияҳо, гуногунандешии ҳосилшуда дар расонаҳои чопии Тоҷикистонро башиддат коҳиш медиҳад.

Хонум Миятович изҳори умедворӣ карда буд, ки мақомоти Тоҷикистон бо дарки аҳамияти гуногунандешии матбуот аз ин роҳи бадшавии вазъи озодии матбуот пас хоҳанд гашт.

Кумитаи 29-и сентябр

Пас аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва рӯзномаҳо, сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29-и сентябр”-ро таъсис дода буданд.

Номи ин кумита аз рӯзи баста шудани расонаҳо, яъне 29 -уми сентябр гирифта шуда, ҳадафи он барқарор кардани вазъи қаблии озодии баён ва ҳамоҳанг сохтани талошҳо ҷиҳати оддӣ сохтани вазъи буғранҷгаштаи матбуот дар Тоҷикистон будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG