Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳҳо додгоҳи Тоҷикистон имсол садҳо парвандаи ҷиноиро ба баррасӣ гирифта, ҳазорон нафарро муттаҳам эълон карданд. Аммо танҳо ба 1 нафар муяссар шудааст, ки дар додгоҳ бегуноҳии худро собит кунад ва аз толори мурофиа берун шавад.

«Ягона нафари сафедшуда»

Абдулфаттоҳ Абдухолиқов - ягона нафаре, ки дар соли ҷорӣ муваффақ шудааст, аз курсии айбдории додгоҳ бо дасти боло ва ба истилоҳ «сафед» шуда, ба озодӣ барояд.

Абдулфаттоҳи 40-соларо додситонӣ дар қочоқи инсон муттаҳам медонист, аммо айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи додгоҳӣ натавонист, гуноҳи ӯро собит кунад.

Қазияи Абдулфаттоҳ аз ин ҷо сар зад, ки дар авоили имсол мусоидат кардааст, хоҳарарӯсаш бо ҷавони муҳоҷире издивоҷ кунад. Аммо ӯ ва наздикони духтаре, ки гӯё фурӯхта шудаанд, ин иддаои мақомотро рад карданд ва додситонӣ дар қиболи ҳарфи онҳо дар мурофиа далеле пеш оварда натавонист.

Абдулфаттоҳ Абдулхолиқов
Абдулфаттоҳ мегӯяд: «Парвандаро беасос гуфта, дар фаъолиятҳои мо «ягон амали ғайриқонунӣ дида намешавад» гуфта, парвандаи ҷиноятии моро ба тафтишоти иловагӣ баргардонданд. Ҳоло додситонӣ машғули ин парванда аст ва аз натоиҷи он дигар ба мо чизе нагуфтанд…»

Бо эълони ҳукми додгоҳи шаҳри Кӯлоб, Абдулфаттоҳ, инак, мақоми «Ягона Нафари Сафедшуда» дар мурофиаи додгоҳиро соҳиб шуд.

Ва аммо шодии Абдулфаттоҳ зиёд тӯл накашид.

Нахустин ҳукми «сафед»-и адвокат

Додситонии шаҳри Кӯлоб аз ин салоҳияти қонунии худ, ки дар зарфи 10 рӯз ба ҳукми додгоҳ метавонад эътироз оварад, истифода кард. Ҳамакнун, Абдулфатоҳ ва вакили мудофеъи ӯ Раҳмоналӣ Раҷабов то охир мутмаин нестанд, ки додситонӣ аз даъвояш гузашта, дубора ӯро ба додгоҳ намекашад.
Вакили мудофеъ Раҷабов мегӯяд, Абдулфаттоҳ аввалин нафари таҳти ҳимояташ будааст, ки дар мурофиаи додгоҳӣ бегуноҳияш собит шуд.
Вай афзуд, дар таҷрибаи 10-солаи кориаш чунин мавриди пурра «сафед» шудани нафари зерҳимояташ назир надорад:

«То ҳанӯз дар чанд кори ҷиноятие, ки ба ҳайси ҳимоятгар ширкат доштам, чунин нашудааст, ки нафари зерҳимоятгарам «сафед» шуда бошад. Умуман, чунин мисолро ҳоло нашунидаам, ки дар ҳамин чанд соли охир одаме, ки дар курсии айбдории суд мешинишад, пурра бегуноҳ шинохта шавад. Ҳамин нафари таҳти ҳимоятам ҳам ҳоло аниқ нест, ки додситонӣ «пояшро сар медиҳад» ё хайр…»

Вакили мудофеъи Абдулфаттоҳ афзуд, «сафед» шудани нафари муттаҳам дар додгоҳҳои Тоҷикистон аз мавориди нодир ба шумор меравад.

Омори Шӯрои адлияи Тоҷикистон ин иддаои вакили мудофеъро, ба ваҷҳи умум, тасдиқ мекунад.

3459 нафар муттаҳам ва 1 кас «сафед» шуд

Дилшод Ғаюров, корманди дастгоҳи Шӯрои адлияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ, гуфт, дар нимаи аввали соли 2010-ум додгоҳҳои Тоҷикистон дар робита ба 2684 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 3459 нафари муттаҳам ҳукм бароварданд. Вай афзуд, аз шумораи умумии муттаҳамон, танҳо як нафар пурра бегуноҳ дониста шудааст:

«Аз ин шумораи маҳкумшудагон нисбати 4 нафар ҳукми қисман «сафедкардашуда» ва нисбат ба 1 нафар ҳукми пурра «сафедкардашуда» бароварда шудааст. Ин мисол аз гузориши нимсолаи аввали соли 2010-ум аст. Ҳисоботи нав ба дасти Шӯрои адлия танҳо дар моҳи январи соли 2011-ум мерасад…»

Ва аммо дар Шӯрои адлияи Тоҷикистон аз шарҳи ин масъала худдорӣ карданд, ки то куҷо додгоҳҳои Тоҷикистон аз имконоти одилона баррасӣ кардани беш аз дувуним ҳазор парвандаи ҷиноятиро бархурдор буданд ва чаро танҳо як нафар дар миёни қариб сеюним ҳазор нафари муттаҳам дар додгоҳ сафед шудааст?

«Ёд надорам, ки кай ҳукми «сафед» бароварда будам»

Маҳмадалӣ Абдулҳақов, додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, мегӯяд, дар бештари маворид ба Додгоҳи олии кишвар парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои сангин барои баррасӣ мерасанд. Зимнан, кам воқеъ мешавад, ки Додгоҳи олӣ нисбат ба афроди муттаҳам ҳукми сафедкунанда содир намояд. Ҷаноби Абдулҳақов дар як тамоси телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт:

«Дар ин ҷо парвандаҳои нисбатан вазнин, оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин баррасӣ мешаванд. Ҳукмҳои сафедкунанда содир мешаванд, аммо асосан дар судҳои зинаҳои поёнӣ, судҳои ноҳиявӣ, шаҳрҳо…

- Ҷаноби Абдулҳақов, аммо дар таҷрибаи кори худи Шумо, дар Суди олӣ ё дар додгоҳи минтақа, додгоҳҳои маҳаллӣ, ки солҳои зиёд кор кардаед, буданд ҳамин хел парвандаҳое, ки нисбат ба нафари муттаҳам ҳукми «сафедкунанда» бароварда бошед?

- Ин хел ҳукм шудагӣ, лекин ба ёдам нест, ки кай ва нисбати кӣ буд. Ин солҳои пеш буд…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳеҷ як аз парвандаҳои ҷиноятӣ, ки давоми сол ба додгоҳҳо ирсол гардидааст, ягон нафар аз гумонбарон пурра «сафед» нашудааст. Аммо дар додситонӣ аз пирӯзии, бигзор муваққатии, Абдулфаттоҳ дар додгоҳи Кӯлоб зикр намекунанд.

Абдусамеъ Дадобоев, корманди масъули додситонии кулли Тоҷикистон
Абдусамеъ Дадобоев, корманди масъули додситонии кулли Тоҷикистон, дар ин иртибот мегӯяд:

«Нест. Ин хел парванда нест, бовар кунед, ман дақиқ мегӯям. Боз метавонед аз мақомоти судӣ ҳам пурсед. Аммо парвандаҳое, ки гунаҳкор мекунем ягон нафарро, сафедшуда надорем…»


Кӣ дар содир нашудани ҳукми «сафед» манфиатдор аст?

Бо ин ҳам, иддаои мақомоти додситонӣ дар зеҳни таҳлилгарон саволҳои зиёдеро тавлид мекунад. Масалан, то куҷо кори додситонӣ ҷиддиву шаффоф аст, ки дар шинохт ва ошкорсозии муттаҳамон боре ҳам иштибоҳ намекунад? Ё додгоҳҳои мо ба қадри лозим аз истиқлоли комил бархурдор нестанд?

Абдуманон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, қонунгузории кишвар мустақилиятии додгоҳҳоро кафолат медиҳад, вале эҳтимол, дар амал додгоҳҳо зери фишор қарор гиранд ва натавонанд аз ин амри қонун, яъне аз истиқлолияти худ, дифоъ кунанд:

«Аммо ин маънои онро надорад, ки додгоҳҳо сарфи назар аз меъёрҳои муқарраршуда дар қонун, вобастаи ниҳоде ё афроди мансабдоре бошанд»

Як адвокати ваколатдори вазорати адлияи Тоҷикистон, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳокимияти судӣ, ки бар асоси Сарқонуни кишвар, як шохаи алоҳида ва новобастаи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад, дар амал мустақил нест. Вай дар шарҳи ин иддаои худ гуфт, борҳо шуда, ки додрасон ҳатто дар сурати исботи бегуноҳии афроди муттаҳам, зери таъсир ё фишори мақомот, ҳукмҳои айбдоркунанда содир мекунанд:

«Намекунанд сафед. Метарсанд судяҳо. Аз ҳамин система ва пайгирии мақомот меҳаросанд. Ҳамин ки сафед кард, мегӯянд, ки судя пораи калон гирифтааст аз нафари айбдоршаванда. Барои ҳамин дар бештари мавридҳо додрасон агар донанд, ки нафари гумонбар дар ҷиноят бегуноҳ аст, ҳукми бегуноҳияшро намебароранд. Барои он, ки «тағобозӣ»-ю «ҷиянбозӣ» карда, дубора ин ҳукмро судҳои болоӣ бекор мекунанд. Мақомот ҳам даъвои бисёр пеш меоранд, эътироз мекунанд ба ин ҳукм. Барои ҳамин судяҳо намехоҳанд, ки ба худ «дарди сар харанд». Худи ман масалан дар робита ба 5-6 нафари зерҳимоятам аниқ медонистам ва далелҳо ҳам доштам, ки онҳо бегуноҳ ҳастанд. То Суди олӣ талош карда рафтам, аммо натиҷа надод…»

Ҳуқуқшиноси мазкур афзуд, додгоҳҳо, агар ба бегуноҳии нафари муттаҳам эътимод ҳосил кунанд ҳам, гӯё танҳо имкони коҳиш додани мӯҳлати ҷазои ӯро доранд. Ва ин кор ҳам бидуни сарфи «изофӣ»-и маблағ аз ҷониби айбдоршаванда имконнопазир аст.

Додрасҳои порагир

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба иддаои коршиносон, рушди фасод дар низоми додгоҳӣ нақши додгоҳҳоро камранг карда, нобоварии мардумро ба ин ниҳод афзоиш додааст. Ойниҳол Бобоназарова, доктори улуми ҳуқуқ, мегӯяд:

«Барои муваффақ шудан ба ислоҳоти додгоҳӣ, мебояд дар қатори таҳкими пойгоҳи ҳуқуқӣ, ҳамчунин зарфиятҳои иқтисодии соҳаро низ таъмин кард, то дасту панҷаи додрасон аз гирифтани пора пок бошад ва сатҳу сифати кори мақомотро беҳтар ба намоиш гузоранд».

Коршиносон боздошти се корманди мақомоти додгоҳӣ, аз ҷумла раиси додгоҳи ноҳияи Вахш Музаффар Сафаров бо иттиҳоми ришватситониро далели рӯшани иддаои худ мехонанд. Бахусус дар ҳоле, ки ҳақмузди додрасҳо дар Тоҷикистон феълан, ба ҳисоби миёна, то 100 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

«Агар пуламро ҷамъ мекардам, хона месохтам…»

Аммо барои исботи бегуноҳӣ ҳам зарурати сарфи маблағҳои «калон» ба миён меомадааст. Абдулфаттоҳ Абдухолиқов, нафаре, ки дар мурофиаи додгоҳӣ гуноҳаш собит нашудааст, мегӯяд, ҷамъоварии санаду далелҳои бегуноҳиаш ҳам хароҷоти зиёди молӣ дар пай доштааст:

«Бе сарфу харҷ намешавад. Ҳар як рафтуомад, роҳпулӣ хароҷот аст. Мо аз ҷавоне, ки бо хоҳарарӯсам издивоҷ кардааст, хостем, ки аз кишвари муҳоҷират - Қазоқистон ба ватан ояд ва шоҳидӣ диҳад, ки арӯсашро «нахаридааст», балки ман танҳо маъракаи тӯяшро дар зодгоҳ гузаронидаам. Хуллас, хароҷот хеле зиёд буд. Агар ин ҳама хароҷотро ҳисобу китоб кунем, шояд як мошин ва ҳатто манзили зисте харидан мумкин мебуд. Аммо бештар аз харҷи молӣ, ман рӯҳан азоби зиёд кашидам, ки бебаркаш аст…»

Ва аммо агар азоби рӯҳии Абдулфаттоҳ поён ёфта бошад, феълан садҳо нафари дигар дари мақомоти додгоҳиро ба умеди дарёфти адолат мекӯбанд.

Саодат Нуралиева
Ҷазои сангин ва гӯши ношунавои додгоҳ

Саодат Нуралиева, як зани тақрибан 40-солаи тоҷик, аз он шиква дорад, ки бародараш бидуни далели даст доштан дар ҷиноят зиндонӣ шудааст.

Бародари хонум Саодат аз ҷумлаи 46 зиндониест, ки ба қавли мақомот, дар ҳаводиси тобистони соли 2009-ум дар шарқи Тоҷикистон даст доштаанд.

Вай афзуд, додгоҳ бародарашро ноодилона барои 30 сол равонаи зиндон кард, дар ҳоле, ки ба қавли ӯ, вай ҳеҷ рабте ба нооромии шарқи Тоҷикистон надошт:

«Бародари ман дар ҳеҷ ҳодисае дар Тавилдара иштирок накардааст. Ӯро аз хона боздошт карданд, бо ин баҳона, ки гӯё узви кадом як гурӯҳи созмонёфта будааст. Бародарамро террорист муаррифӣ карданд, дар ҳоле ки ӯ ҳамроҳи ман зиндагӣ мекард ва маризи бистарӣ буд. Мо ӯро табобат мекардем. Чи гуна вай дар чунин ҳолат метавонист дар нооромие ё амалиёти ҷангҷӯёнае иштирок кунад?

Чаро ӯро бе ҳеҷ далел, узви гурӯҳи ғайриқонунӣ шумурданд? Чаро моро нагузоштанд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок кунем? Ҳамаи онҳоро беадолатона ҳабс карданд. Агар ҳукми зиндони ҳамаи ин ҷавононро ҳисоб кунем, беш аз ҳазор сол мешавад. Мо то ҳанӯз наметавонем шикояти кассатсионӣ барем, зеро ҳанӯз ба дастамон ҳукми додгоҳ нарасидааст. Қасдан ба мо қарори судро намедиҳанд».

Ва аммо, дафтари матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, дар баровардани ҳукм алайҳи бародари Саодат Нуралиева ва ҳамдастони ӯ ба қозии мурофиа аз сӯйи ҳеҷ ниҳоди расмӣ фишор оварда нашудааст ва ҳукм одилона, дар чаҳорчӯби қонунҳои ҷории кишвар содир гардидааст.

Дар ҳоле, ки хонум Саодат аз таъин шудани муҷозоти сангин нисбат ба бародари маҳбусаш шикоят дорад, бархе аз шаҳрвандон аз он изҳори норизоият мекунанд, ки додгоҳҳо ба арзашон расидагӣ намекунанд.

Мӯътабар,сокини вилояти Хатлон
«Ҳаётамро сӯхтанд»

Мӯътабар ном духтараки 17-сола, сокини вилояти Хатлон, ки ба қавли худаш, мавриди таҷовуси ҷинсӣ қарор гирифтааст, мегӯяд, аз ҷониби ҳеҷ додгоҳу додситонӣ арзаш баррасӣ намешавад. Ягона хоҳиши ӯ - ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани нафари мансабдорест, ки ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Вале бо вуҷуди талошҳои зиёд, бо гузашти мӯҳлати зиёд, ба додаш расидагӣ нашудааст:

«Мехоҳам, ки ба ҳамон ҳад, ки маро азият додааст, ҷафо кашад. Бубинад, ки ҷабр ба одами нотавон сахт аст. Ман ҳамсоли духтари худи ӯ будам. Ҳоло ҳаётамро сӯхтааст. Вақте хостгорҳо омаданд, худсӯзӣ карданӣ шудам, зеро акнун ки «нодухтар» ҳастам, ба касе даркор нестам. Ҳамакнун худи вай духтарашро бообрӯ ба шавҳар бароварда истодааст, аммо ман бадбахтаму ба арзам намерасанд…»

Ин духтар мегӯяд, шояд нодорию бекасиаш сабаб шуда, ки додгоҳҳо ҳам ба додаш намерасанд. Ҳамакнун ӯ ба чунин хулоса расидааст, ки дар Тоҷикистон ба ҳама кор аз рӯи дороӣ баҳо медиҳанд. Вай мегӯяд, ки одамон бо пардохти ришват метавонанд, ҳатто аз ҷавобгарии ҷиноӣ фирор кунанд ва шояд ҳукми додгоҳҳоро ҳам бо пул бихаранд.

Ва аммо дар раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон гуфтанд, ки ҳарчанд вақти зиёд аз замони содир шудани ҷиноят гузашта ва собит кардани он мушкил мебошад, муроҷиат ва даъвои Мӯътабар ҳатман таҳқиқ хоҳад шуд.
Бо ин ҳам, бисёре аз ҷабрдидаҳо, ба мисли Мӯътабари 17-сола, маҳз ба сабаби нобоварӣ ба адолати додгоҳӣ дар ниҳояти кор аз муроҷиат ба ин ниҳодҳо худдорӣ мекунанд.

Саодат, Мӯътабар ва бахши аъзами шаҳрвандони Тоҷикистон, ба иддаои коршиносон, дар баробари нуқсҳои низоми додгоҳию ҳуқуқӣ комилан оҷиз буда, имкони дастёбӣ ба адолатро дар кишвар надоранд. Ва ба истилоҳ, «ба тақдир тан медиҳанд».

Талоши давлати Озарбойҷон – намуна барои Тоҷикистон

Вале дар иддае аз кишварҳои пасошӯравӣ шаҳрвандон умеди дигар ба додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар доранд. Озарбойҷон яке аз ҳамин гуна кишварҳоест, ки ба эъломия пайвастааст.

Аюб Каримов, сардабири нашрияи мавсум ба «Фемида», чопи Озарбойҷон, мегӯяд, дар соли гузаштаи 2009-ум дар ин кишвар аз миёни қариб 15 ҳазор нафари муттаҳам танҳо 21 нафар аз сӯйи додгоҳҳо бегуноҳ дониста шудаанд, ки ин рақам низ ҳокӣ аз низоми номустақили додгоҳии Озарбойҷон аст.

«Озарбойҷониҳо дар сурати ин, ки дар додгоҳҳои маҳаллӣ адолатро дарнамеёбанд, ба додгоҳи Аврупоӣ муроҷеъ мешаванд. Ва сол аз сол ҳаҷми ҷаримаи молии таъиншуда нисбат ба давлати Озарбойҷон афзоиш меёбад».

Ба гуфтаи ҷаноби Каримов, афзоиши шикоёти шаҳрвандони Озарбойҷон ба додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар, мақомоти додгоҳии ин кишварро водор кардааст, ки дар сиёсати кории худ таҷдиди назар кунанд.

Шӯрои додгоҳию ҳуқуқии назди вазорати адлияи Озарбойҷон ба додгоҳҳо дастур додааст, ки ҳукми ҳабси одамонро танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ содир кунанд. Танҳо дар моҳи ноябр барои иҷро нашудани ин дастур, 13 додраси додгоҳҳои маҳаллӣ ба муҷозот кашида шудаанд.

Зарурати ислоҳоти низоми додгоҳӣ

Давлати Тоҷикистон ҳам ба хотири беҳсозии низоми додгоҳӣ барномаҳои вижаеро аз қабили ба ихтиёри судҳо додани ваколати содир кардани амри хаттӣ (ордер) барои дастгир намудан, роҳандозӣ кардааст.

Аммо гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳокист, ки ҳамоно мушкил дар низоми додгоҳии Тоҷикистон фаровон аст.

Бар асоси гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико, «дар соли 2009 инкор кардани мурофиаи одилона, ҳарчанд қонун низоми мустақили судиро таъмин менамояд, дар амал шохаи иҷроияи ҳокимият ба прокурорҳо ва судяҳо фишор меовард. Коррупсия ва бесамаранокӣ масъалаҳои муҳим буданд. 9-уми июни соли 2009, додрас Нур Нуров барои ҷиноятҳои сершумор, аз ҷумла дуздӣ, ба ҷайбзанӣ ва узвият дар созмонҳои ҷинояткор 31 сокини ноҳияи Исфараро аз 10 то 25 сол ба зиндон маҳкум намуд. Аммо пас аз маҳкум кардан, айбдоркунандаи давлатӣ даъво намуд, ки ӯ чунин маҳкумияти дарозмуддатро талаб накардааст. Маъмури мудофиа баъдтар навори аудиоиеро омода намуд ва дар он додрас Нуров изҳор доштааст, ки раиси Суди олӣ фармон додааст, то ба гурӯҳ ҳукми ҳадди аксар бароварда шавад».

Ба ақидаи ҳуқуқшиносон, қонуни Тоҷикистон ба додситонҳо нисбат ба додрас ва вакилони мудофеъ салоҳияти номутаносиб додааст. Ин салоҳият назорати тафтишоти расмӣ ва тамоми раванди додгоҳиро дарбар мегирад.

Дар гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамчунин омадааст, ки “Салоҳиятҳои назораткунанда» ба додситонҳо имкон медиҳад, то берун аз тартиботи муқаррарии даъво ба қарорҳои додгоҳ эътироз баён намоянд. Додситонҳо метавонанд ба барҳам додани қарорҳои додгоҳ ва баррасии нави онҳо аз тарафи додгоҳи таҷдиди назар дар муддати номуайяни пас аз гузаштани давраи эътибори даъво, таъсир расонанд».

Ин ваколатҳо барои таъсис додани низоми мустақили додгоҳӣ, ба андешаи соҳибназарон, монеа эҷод мекунанд.

Чӣ бояд кард?

Созмони «Ҳуқуқшиносони бидуни марз» дар нишасти имсолаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава ба давлати Тоҷикистон тавсия дод, ки ба зудтарин фурсат вуҷуди мушкил дар низоми додгоҳии ин кишварро бартараф кунад.

Созмони мазкур аз ҷумла ба масоили зерин таъкид кардааст:

- дастрасии аҳолии нодору ниёзманд ба адолати судӣ беҳтар шавад;

- таъмини беғаразӣ ва адолат дар низоми додгоҳӣ;

- коҳиши салоҳияти беҳудуди додситонҳо дар чаҳорчӯби кодекси мурофиаи ҷиноятӣ нисбат ба додрас ва вакилони мудофеъ;

- маҳрум намудани додситонҳо аз ҳуқуқи эътироз овардан ба ҳукми додгоҳ ё таъсиррасонии ғайрирасмӣ ба он;

- таъқиби додгоҳии сиёсатмадороне, ки ба додситон ва додрасҳо фишор меоранд;

- таъин кардани ҳақмузди кофӣ ва шоиста ба додрасҳо, ба қасди коҳиши вобастагии онҳо ва коҳиши сатҳи ришватхорӣ.

Умед ва ноумедии додхоҳон

Ва аммо Саодат Нуралиева, хоҳари як маҳбуси тоҷик, мегӯяд, ба иҷро шудани тавсияи созмонҳои байналмилалӣ барои беҳсозии низоми додгоҳии Тоҷикистон эътимоди кофӣ надорад.

Вай афзуд, ин тавсияҳо тақдири бародарашро тағйир нахоҳанд дод ва шояд тамоми 30 соли умри ояндаашро дар роҳи зиндон тай карда, косаи таом рӯи даст, ба дидори бародари маҳбусаш шитобад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG