Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон бо ширкати ҳайатҳои 68 кишвари олам ва дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун оғоз ба кор кард. Дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистон бо сарварии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкат дорад.

Дар нишасти САҲА дар Остона инчунин Ҳилларӣ Клинтон, вазири хориҷии Амрико низ ҳузур дорад.

Дар нишасти мазкур 28 сарвари давлат ва 10 сарвазир дар нахустин нишасти мақомоти олии кишварҳои узви ин созмон дар беш аз даҳ соли ахир, ба баҳсу баррасии мушкилоти имрӯзи сайёра мепардозанд. Остона бори нахуст баъди дар соли 1997 пойтахти Қазоқистон шуданаш теъдоди бузурги раҳбарони кишварҳои оламро пазироӣ мекунад.

Аз “ҷанг сард” то мубориза бо терроризм

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки ба он 56 кишвари узв ва 12 кишвари ҳампаймон аз Аврупо, Амрикои шимолӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ шомиланд, ҳанӯз солҳои “ҷанги сард” таъсис шуда буд. Аз он давра то имрӯз мандати ин созмон густариш ёфт ва акнун САҲА дар мубориза бо терроризм, ҷилавгирӣ аз низоъҳо, эҳёи баъдиҷангӣ, наззораи ҳифзи марзҳо ва ҷилавгирӣ аз тиҷорати ғайриқонунии силоҳ саҳм мегирад. Созмони амният ва ҳамкории Аврупо рӯи дифоъ аз ҳуқуқи башар, густариши равандҳои демократӣ, таъмини амнияти роҳҳои интиқоли энерҷӣ ҳам тамаркуз мекунад.

Қанот Саудобоев, вазири умури хориҷии Қазоқистон - раиси даврии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мегӯяд, нишасти Остона - имкони хубест барои баррасии мушкилоти оҷили амниятӣ, аз ҷумла, таҳдиди терроризм ва қочоқи силоҳу маводи мухадир, барои баррасии бенизомиҳо ва низоъи ахири қавмӣ дар Қирғизистон ва идомаи ҷанг дар Афғонистон.

Ӯ меафзояд, “Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо умедвор аст, ки сарони давлату ҳукуматҳо дар масоили умдаи таҳкими амният ва рушди ҳамкорӣ дар паҳнои аз Ванкувер то Владивосток ба созиш мерасанд ва ба фаъолияти созмони умумии мо суръат мебахшанд”.

Тавонмандии САҲА афзоиш ёфтааст?

Вазири умури хориҷии Қазоқистон мегӯяд, баргузории нишасти сарони кишварҳои узви созмон баъд аз 11 соли таваққуф баёнгари боло рафтани қудрати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва афзоиши ҳусни тафоҳум аст, ки баъд аз амалиёти НАТО алайҳи нерӯҳои серб дар Косово дар соли 1999 ва шурӯъи ҷанг дар Ироқ дар соли 2003 коҳиш ёфта буд.

Гуфта мешавад, ки яке аз мавзӯъҳои умдаи рӯзномаи нишасти Остона талоши ҳалли мусолиматомези низоъ миёни Арманистону Озарбойҷон барои Қарабоғи кӯҳист. Аъзои гурӯҳи Мински ОБСЕ, ки соли 1992 ба хотири мусоидат ба ҳалли қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ таъсис шуда буд, рӯзи якшанбе вориди Остона шуданд ва аллакай ба таҳияи санадҳо шурӯъ кардаанд.

Шабаҳи Wikileaks дар Остона?


Дар ҳамин ҳол бархе аз коршиносон ҳадс мезананд, ки шояд ифшои асноди сиррии дипломатии амрикоӣ аз сӯи сомонаи Wikileaks рӯи нишасти Остона соя афканад ва бархе аз сарони кишварҳо ҳатто дар мулоқотҳои дуҷонибаи пушти дарҳои баста бо эҳтиёт ва ҳар ҳарфро санҷида сӯҳбат кунанд.

Ҳамчунин ҳадс зада мешавад, ки шояд мансабдорони қазоқ аз вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ташреҳи баъзе номаҳову арзёбиҳои дипломатиҳои амрикоиро талаб кунанд. Мақомоти Қазоқистон аз он норозиянд, ки дар як нома аз рақси пурпечутоби сарвазир Карим Масимов дар як клуби шабонаи Остона ёдоварӣ шуда ва дар номаи дигар гуфта шудааст, ки раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев бештари вақти худро дар як қасраш дар Аморати Муттаҳидаи Араб сипарӣ мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG