Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар Остона нишасти сатҳи олии САҲА шурӯъ мешавад


Имрӯз дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, нишасти сатҳи олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ифтитоҳ мешавад. Дар он раҳбарони 56 кишвари узв, аз ҷумла 28 раисиҷумҳур, як муовини раисиҷумҳур, 7 муовини нахуствазир ва 14 вазир ширкат хоҳанд дошт. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунад.
Марк Перрин де Бришамбо, Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, қабл аз нишасти Остона изҳор намуд, ки Қазоқистон дар иҷрои вазоифи раҳбари даврии созмон муваффақ аст. Ва аммо созмонҳои дидбони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мақомоти Қазоқистон барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи башар дар худи кишвар талоши кофӣ намекунанд.
XS
SM
MD
LG