Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии Бан Ки Мун аз афзоиши аъзои Шӯрои амнияти СММ


Бан Ки Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, изҳор намуд, ки ӯ ҷонибдори афзоиши теъдоди аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милал аст. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, ӯ гуфт, ки Шӯрои амният бояд ҷавобгӯи вазъи тағийрхӯрда ва мушкилоти қарни 21 бошад. Бан Ки Мун, ки дирӯз ба хотири ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо вориди шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон шуд, аз номбар кардани кишварҳои эҳтимолии узви доимии Шӯрои амнияти СММ худдорӣ намуд. Моҳи гузашта раисиҷумҳури ИМА Барак Обама аз пешниҳоди узви доимии Шӯрои амнияти СММ баргузида шудани Ҳиндустон пуштибонӣ карда буд.
Феълан ба Шӯрои амнияти СММ 15 кишвар, аз ҷумла 5 узви доимии дорои ҳаққи вето – ИМА, Русия, Фаронса, Бритониё ва Чин шомиланд.
XS
SM
MD
LG