Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса табодули номаҳои расмииро бознигарӣ мекунад


Вазорати умури хориҷии Фаронса роҳҳои табодули номаҳои дипломатиро тағйир хоҳад дод. Ба гуфтаи намояндаи вазорат Франсуа Баруэн, ин тасмим баъд аз ифшои ҳазорон асноди сиррии дипломатии амрикоӣ аз сӯи сомонаи интернетии Wikileaks гирифта шудааст.
Аз ин пеш Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, нашри ин аснодро “бемасъулиятии комил” номида буд.
Рӯзи якшанбе сомонаи Wikileaks беш аз 250 ҳазор асноди гуногуни сиррии дипломатии амрикоиро нашр кард. Мақомоти Амрико хабар доданд, ки тафтиши ҷиноии ифшои иттилоъи сиррӣ аз вазорати умури хориҷӣ шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG