Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагириҳои Остона барои нишасти сарони САҲА


Шаҳри Остона
Шаҳри Остона

Дар ҳоле, ки раҳбарони кишварҳои узви САҲА барои ширкат дар нишасти созмон дар Остона ҷамъ меоянд, таҳлилгарон мегӯянд, мақомоти Қазоқистон ин ҳамоишро бештар чун воситае барои худнамоӣ ва таблиғ истифода мекунанд.

Ҳадафи нишасти дурӯзаи САҲА баррасии масъалаҳои марбут ба терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу инсон, ҳамчунин баррасии хушунатҳо ва мухолифатҳои низомӣ дар қаламрави Авроосиё мебошад.

Вале аксар хабарнигорон мегӯянд, чунин ба назар мерасад, ки дар Остона - мизбони нишасти раҳбарони давлатҳои узви САҲА бештар ба намуди зоҳирии шаҳр таваҷҷуҳ кардааст. Мунаққидон мегӯянд, ин дар ҳолест, ки ҳамоно дар зеҳни бисёриҳо обрӯи Қазоқистон бо дастовардҳои демократиаш зери суол аст.

Соҳибназарон бар ин назаранд, ки мақомоти Остона омодагиҳо ба баргузории ҷаласаи САҲА-ро бештар чун баҳонае барои таблиғи худ ва раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истифода мекунанд.

Баҳона барои таблиғи раисиҷумҳур?

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон
Досит Сатбоев, як таҳлилгари қазоқ, дар сӯҳбат бо хабаргузориҳои ғарбӣ гуфт, ки Нурсултон Назарбоев мавқеи раҳбарии давраии САҲА-ро ҳам барои афзудани кешпарастӣ дар ҷомеаи кишвараш истифода мекунад. Ин таҳлилгар мегӯяд, ҷоҳталабиҳои раҳбари Қазоқистон чунон зиёд аст, ки ӯ худро дар ин рӯзҳо мехоҳад на раҳбари як кишвар, ё минтақа, балки раҳбари ҷаҳон эҳсос кунад.

Вале камбудиҳои зиёде, ки Қазоқистон дар масъалаҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳимоят аз матбуоти мустақил ва пешрафтҳои демократӣ роҳ додааст, бо ин шӯҳратталабиҳо қобили муқоиса нест. Як мақоми созмони Хонаи Озодӣ ё Freedom House дар сӯҳбат бо Ройтерс гуфт, Қазоқистон дар ин як соли охир натавонист он ӯҳдадориҳоеро, ки дар симати раҳбари САҲА ба дӯш дошт, иҷро кунад.

Баҳои як соли раёсати Қазоқистон дар САҲА


Вячеслав Абрамов, муовини раиси созмони Хонаи Озодӣ, ситоди он дар Ню-Йорк, гуфтааст, ки “дар ҳеҷ як аз бахшҳои ислоҳоти демократӣ пешравие ҳосил нашуд”.

Коршиносон чунин баҳодиҳии даврони раёсати Қазоқистон дар САҲА-ро чолиши ҷиддӣ меноманд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин танҳо баҳо ба фаъолияти мақомоти Остона нест, балки баҳои обрӯи САҲА ба унвони созмони мудофеъ ва пешбарандаи ормонҳои демократӣ дар ҷаҳон аст.

Таҳлилгар Аркадий Дубнов мегӯяд, як соли раёсати Қазодистон дар САҲА тарафҳои манфӣ ва мусбат дошт
Аркадий Дубнов, таҳлилгари минтақаӣ, ки дар Остона қарор дорад, дар бораи бардоштҳои худ аз омодагиҳои Остона ба нишасти сарони кишварҳои узви САҲА дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард.

Ӯ гуфт: “Ширкатдорони ҳамоиш ҳоло тоза вориди Остона мешаванд. Раҳбари Русия Медведев шом меояд, ҳоло бисёр чиз омода нест, аз ҷумла, эъломияи натиҷагирикунандаи ин нишаст, ки то фардо шом бояд мувофиқати ҳама ширкатдоронро дарёфт кунад. Инчунин маълум шуд, ки баъзе раҳбарони давлатҳои хориҷӣ гуфтанд, ки омода наметавонанд, масалан президенти Фаронса Николя Саркозӣ. Ман эҳсос мекунам, ки раҳбарияти Қазоқистон аз ин хабар бисёр нороҳат шуданд. Ислом Каримов, раҳбари Ӯзбакистон ҳам намеояд. Ҳамчунин, президенти Полша Комаровский ва нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерон гуфтанд, ки намеоянд. Имрӯз маълум шуд, ки мӯҳлати буду боши Медведев ҳам ихтисор шудааст”.

Ҷаноби Дубнов бар ин назар аст, як соли раёсати Қазоқистон дар САҲА ҷанбаҳои манфӣ ва ҳам мусбат дошт. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, раҳбарии Қазоқистон боиси афзоиши таваҷҷӯҳ ба масоили демократисозии ҷомеи ин кишвар шуд. Барои нахустин бор дар Остона Қазоқистон барои маҳдудсозии озодии баён аз ҷониби як мақоми САҲА – масъули озодии матбуоти ин созмон Дуня Миятович мавриди танқид қарор гирифт.

Ҳамзамон бо нишасти сарони кишварҳои узви САҲА дар Остона як конфронси алтернативие ҷараён дорад, ки дар он фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар аз кишварҳои узви САҲА вазъи озодии баён дар Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ва Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд.

Дар ин конфронс фаъолони ҳуқуқи башари Тоҷикистон низ ширкат доранд, ки вазъи озодии баён дар ин кишварро матраҳ кардаанд.
XS
SM
MD
LG