Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон сарбози АЙСАФ кушта шуд


Нируҳои байналмиллалии кӯмаки Амниятӣ дар Афғонистон ё АЙСАФ мегӯянд, ки имрӯз як сарбози онҳо дар ҳамлаи тундравҳо дар шарқи Афғонистон кушта шудааст. АЙСАФ дар эъломияи худ миллияти сарбози кушташударо ифшо накардааст ва нагуфтааст, ки дақиқан дар кадом маҳал дар Шарқи Афғонистон ин сарбоз кушта шудааст. Дар шарқи Афғонистон бештар аз ҳама нируҳои Амрико мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG