Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ғайри сурати расидагӣ ба масоили тағйири иқлим ҳарорати ҳавои сайёра то 50 соли дигар метавонад ба ҳисоби миёна 4 дараҷаи Селсий боло биравад.

Ин натоиҷи таҳқиқотест, ки дар анҷумани байналмилалии тағйири иқлим дар Канкуни Мексика эълон шуд, ки назар ба 2 дараҷаи Селсии пешбинишуда дар анҷумани ҷаҳонии муҳити зист дар Копенҳаген 2 маротиба бештар аст. Дар анҷумани Канкун, ки бо ширкати 200 кишвар рӯзи 28 ноябр оғоз ба кор кард, ҳамасола барои ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим ва болоравии сатҳи оби баҳру уқёнусҳо 270 миллиард доллар маблағгузорӣ пешниҳод шудааст.

Коҳиши густариши HIV

Суръати густариши HIV, ангезандаи бемории AIDS ва мизони маргумир аз ин маризии қаттол дар ҷаҳон рӯ ба коҳиш овардааст. Ба ҳисоби барномаи мубориза бо HIV ва AIDS-и СММ, соли гузашта 2 миллиону 600 ҳазор нафар ба ин беморӣ печидаанд, ки назар ба соли қабл 20 дарсад камтар аст.

Шумори афроди фавтида аз HIV ва AIDS низ дар соли 2009 қариб 20 дарсад коҳиш ёфта, 1 миллиону 800 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҷамъи гирифторон ба HIV ва AIDS дар саросари ҷаҳонро СММ 33 миллион нафар баршумурдааст. Шумори афроди мубтало ба HIV ва AIDS дар Тоҷикистон беш аз 2300 нафар гуфта мешавад.

Ихтирои усули нави кашфи ҷинояткорон

Ихтироъи нави донишмандони Донишгоҳи Эразмуси Ҳолланд имкон медиҳад, тавассути ташхиси сафедаи ДНК-и ҳатто як қатра хуне, ки дар ҷойи ҷиноят кашф шудааст, синни эҳтимолии нафари гумонбарро муайян кунанд. Вале ин фанноварӣ дар таъини синни ҷинояткор шояд то 9 сол иштибоҳ кунад.То кунун бар асоси ташхиси ДНК таъйин кардани баъхе вижагиҳои зоҳирии инсон, масалан, ранги чашм ё мӯ мумкин буд. Аз ин рӯ, ихтирои донишмандони ҳолландӣ пешрафти муҳиме дар илми криминалистика унвон мешавад.

Соҳибони ҷоизаҳои “Рунет-2010”

Ахиран дар Маскав маросими эътои ҷоизаҳои солонаи “Рунет-2010” баргузор шуд. Сомонаи “вести.ру”, ки ҳамзамон бо шабакаи телевизонии “Россия24” амал мекунад, бар асоси назарпурсии ҳамагонӣ беҳтарин лоиҳаи интернетии сол шинохта шуд. Дар бахши фанновариву навовариҳои интернетӣ сомонаи номарасонии “мейл.ру” ва дар бахши илму маориф фарзияи русии “Википедия “ ва сомонаи илмии “Элементи” сазовори ҷоизаҳои имсолаи “Рунет-2010” шуданд. Евгений Касперский барои барномаи маъруфи зиддивирусиаш низ ба як ҷоизаи вижаи “Рунет” даст ёфт.

Microsoft 25-сола шуд

Ва Барномаи компутарии Windows, фаровардаи ширкати Microsoft, 25-сола шуд. Насли аввали ин барнома моҳи ноябри соли 1985 вориди бозор шуда, асосгузори ширкати Microsoft Билл Гейтс зимни муаррифии он барнома гуфта буд, Windows як барномаи вижа барои корбарони компутар хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир, Microsoft алакай насли ҳафтуми ин барномааш бо номи Windows 7-ро ба бозор дароварда, 91,6 дарсади компутарҳои шахсии дунё бар асоси Windows амал мекунанд. Саҳми Mac дар бозори барномаҳои компутарӣ 5,33 фоиз ва аз Linux каме бештар аз 1 дарсад баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG