Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ё ҳамкории боэътимод ё мусаллаҳшавии бошитоб


Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия
Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар паёми солонаи худ ба парлумони кишвараш ба ҳамкории танготанг бо кишварҳои Ғарб ва беҳсозии зиндагии мардуми Русия даъват кард. Вай ваъда дод, ки бо фасод муборизаи беамон хоҳад бурд.

Раисиҷумҳури Русия ҳушдор дод, ки ҷаҳон дар садади як сабқати нави таслиҳотӣ қарор дорад. Ӯ аз мамолики ғарбӣ даъват кард, ки дар масъалаи бунёди сипари зиддимушакӣ бо Маскав паймон ҳосил кунанд.

Дар ҷараёни ироаи паём ба парлумон Медведев ҳамчунин ба ҳамкории Русияву НАТО, созмони паймони атлантики шимолӣ ишора кард. Медведев гуфт, дар мулоқоти ахири раҳбарони НАТО ва Русия дар Лиссабон мувофиқат ҳосил шуд, ки ҷонибҳо баҳри бунёди сипари зидди мушакии Аврупо ҳамкорӣ кунанд.

Омодагии Русия барои ҳамркорӣ бо НАТО

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар ҳамоиши НАТО дар Лиссабон, 20уми ноябри 2010
Дар мулоқоти Лиссабон, ки 19–20-и ноябр доир шуда буд, Медведев аз пазируфтани даъвати НАТО ба ҳамкории комил дар бунёди сипари зиддимушакӣ худдорӣ кард. Ӯ гуфт, Русия бояд коршарики баробарҳуқуқ боқӣ бимонад.

Солҳои гузашта Русия ба барномаи бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо, ки аз тарафи раисиҷумҳури вақти Амрико Ҷорҷ Буш пешниҳод шуда, мустақар шудани ҷузву томҳои он дар Аврупои Шарқиро дар назар дошт, шадидан мухолифат кард. Баъдан раисҷумҳур Обама ин барномаро мутаваққиф кард. Акнун дар чаҳорчӯби беҳбуди равобит бо Русия НАТО саъй дорад сипари зиддимушакиро ҳамроҳ бо Русия бунёд кунад.

Ҳушдор аз сабқати нави таслиҳотӣ

Дар идомаи сӯҳбат Медведев тавсеаи кӯшишҳои байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз дастрасии бештари кишварҳо ба силоҳи куштори ҷамъиро зикр намуд. Ӯ гуфт: “Русия ҳозир аст ҳамроҳи дигар кишварҳои манфиатдор баҳри таҳкими механизми муқовимат ба тавсеаи фанновариҳои мушакӣ талош варзад.”

Гуфтаҳои Медведев дар ҳоле садо дод, ки раисиҷумҳури ИМА Барак Обама саъй дорад Конгресси Амрикоро ба пуштибонӣ аз созиши нави коҳиши таслиҳот, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Прага миёни Обама ва Медведев ба имзо расида буд, мутақоид кунад.

Медведев ҳамчунин гуфт, ӯ ҷонибдори ҳамкории Русия бо ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо дар ислоҳу навсозии иқтисоди кишвараш мебошад.


Муқобила бо коҳиши аҳолӣ


Сипас Медведев ба умури дохилии Русия ишора кард ва гуфт, беҳбуди ҳаёти кӯдакон бояд дар рӯйхати масъалаҳои авлавиятноки ҳукуматаш қарор бигирад. Ӯ ваъда дод, ҳар оилае, ки 3 ва ё бештар аз он кӯдак дорад, бепул соҳиби замин хоҳад шуд.

Бо ишора ба нигарониҳои ҷиддӣ аз коҳиши мизони таваллуд ва умуман вазъи ногувори демографӣ Медведев пешниҳод кард, ҳар оилае, ки соҳиби фарзанди сеюм мешавад, моҳона 3 ҳазор рубл кумак бигирад. Гузашта аз ин ин оила пораи заминро барои бунёди "дача"ё хонаи тобистонӣ соҳиб хоҳад шуд.

Бар пояи маълумотҳои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Русия дар ҳар дақиқа се инсон ба дунё меояд ва чаҳор нафар ҳалок мешавад. Бар тибқи пешгӯии коршиносони рус, агар вазъ ҳамин тавр идома кунад, баъди чаҳор даҳсола аҳолии беш аз 140 миллионии Русия тақрибан ба 90 миллион ё дар сурати беҳтар, то ҳудуди 120 миллион коҳиш хоҳад ёфт.

Дар поёни суханронӣ раисҷумҳури Русия гуфт, кишвараш бояд бо фасод муборизаи беамон кунад. Вай ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро бо доштани равобит бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ муттаҳам кард ва афзуд, ҷонибдори муҷозоти шардидтари ришвахорон аст.
XS
SM
MD
LG