Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости созмонҳои байналмиллалӣ аз Э. Раҳмон


Созмонҳои ҳуқуқи башар, ба шумули созмонҳои дохилии Тоҷикистон ва инчунин Amnesty International, World Coaltion against the Death Penalty ва Penal Reform International аз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки ташаббуси лағви ҳукуми қатлро ба дасти худ бигирад ва аз ҳукумат тақозо кунад, ки дар зудтарин фурсат асноди лозимро ба ин манзур омода намояд ва инчунин протоколи ихтиёрии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсии Мисоқи байналмилалиро ба тасвиб бирасонанд. Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз иҷрои комили қонуни мораторияи ҳукми қатл дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Аз соли 2004 ба ин сӯ, дар Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон шуда ва ягон ҳукми қатл ба иҷро расонида нашудааст. Дар се кишвари Осиёи Марказӣ, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҳукми қатл ба куллӣ лағв шудааст. Созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи башар хостори лавғи ҳукми қатл дар Тоҷикистон бидуни истисно, дар ҳамаи мавридҳо шудаанд.
XS
SM
MD
LG