Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки инфиҷори рӯзи сешанбе дар Бишкек ва задухӯрди чанде пеш дар Ӯш кори дасти мусаллаҳони исломӣ аст. Таркиш дар остонаи сафари котиби давлатии Амрико ба Қирғизистон ва як рӯз баъд аз рӯёрӯиҳои нирӯҳои амниятӣ бо мусаллаҳони исломӣ сурат гирифт.

Инфиҷор дар пойтахти Қирғизистон ду ходими пулис ва як хоҳари шафқатро шадидан маҷрӯҳ кард. Ин ҳодиса дар канораи бузургтарин варзишгоҳи шаҳри Бишкек ба вуқуъ пайваст, ки макони мурофиаи додгоҳии раиси ҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев ва шарикони ӯ интихоб шудааст. Мақомоти мавриди мурофиа ба истифодаи хушунат алайҳи тазоҳургарон муттаҳам шудаанд, ки моҳи апрели соли гузашта Боқиевро аз мақом барканор карданд.

Таркиш дар остонаи сафари Ҳилларӣ Клинтон

Ҳарду ҳодиса - ҳам таркиш дар остонаи сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Бишкек ва ҳам задухӯрди нирӯҳои амниятӣ бо гурӯҳҳои мусаллаҳ - дар фосилаи кӯтоҳ аз якдигар ба вуқуъ пайвастанд.



Марат Имонқулов, раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон, ба хабарнигорон гуфт, ки ин ду ҳодиса бо ҳам иртибот доранд. Ӯ афзуд: “Ҳодисаи 22-юми ноябр, вақте афсарони вазорати дохилӣ маводи мунфаҷира ва бомбаи худсохтро аз афроди гумонбар мусодира карданд, ва амалиёти вижаи нирӯҳои амниятӣ алайҳи нафароне, ки мо онҳоро дар ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ гумонбар медонем, ба ҳам иртибот доранд ва ҳалқаҳои як занҷиранд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Имонқулов, эҳтимол меравад, ки афроди гумонбаршуда дар тамрингоҳҳои террористии Ал-Қоида, Толибон ва Ҳаракати исломии Узбакистон, воқеъ дар Покистону Афғонистон таълим гирифтаанд.

“Як инсони муқаррарӣ бе доштани тамрини вижа наметавонад ин навъ маводди мунфаҷираро таҳия кунад, ки мо аз гумонбаршудаҳо мусодира кардем. Ин навъи маводи таркандаро танҳо онҳое метавонанд бисозанд, ки дар кампҳои террористӣ тамрин дидаанд.” – гуфт Имонқулов.

Ҷаноби Имонқулов афзуд, ки халал ворид кардан ба ҷараёни мурофиаи мақомоти собиқи Қирғизистон ва ҳамин тавр раванди демократия дар Қирғизистон аз ҳадафҳои дигари ин гурӯҳи тахрибкор будааст.

Даргирӣ бо "гурӯҳҳои зеризаминии террористӣ"

Ба маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёти Ӯш, ки дар назди ҳавлии имоми маҳаллӣ Фарҳод Нурматов сурат гирифт, чаҳор ҷангии исломӣ ҷони худро бохт.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки амалиёти алайҳи, ба гуфтаи онҳо, гурӯҳҳои зеризаминии террористӣ дар Ӯш ва Бишкек аз моҳи октябр ба ин сӯ ҷараён дорад. Муовини раиси хадамоти амнияти Қирғизистон Холбой Мирзоев аз ҳузури ҳадди ақал як шаҳрванди Узбакистон дар гурӯҳи мусаллаҳ хабар додааст.

Аз сӯи дигар солҳои ахир ширкати Ҳаракати исломии Узбакистон дар ҳодисаҳои умдаи ин кишвар мушоҳида нашудааст. Ин гурӯҳи мамнуъ соли 1999 ва 2000 якчанд амали одамрабоиро дар ҷануби Қирғизистон анҷом дода, дар ҳолатҳои мухталиф шахрвандони Қирғизистон, Ҷопон ва Амрикоро гаравгон гирифтааст. Вале ҳамаи гаравгонҳо бидуни мудохилаи низомӣ озод шуданд.

Вазъ дар Қирғизистон, дар кишваре, ки пойгоҳи ҳарбии Русия ва Амрикоро мизбонӣ мекунад, дар моҳи апрели соли равон хушунатзо шуд. Ба думболи суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев задухӯрдҳои қавмӣ дар ҷануби кишвар шурӯъ шуд, ки пайи онҳо садҳо нафар, махсусан узбактаборҳо, кушта шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG