Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистонро дар Амрико маҳкум мекунанд


Бино ба хабари ИТАР-ТАСС, ба мақомоти Амрико муяссар шудааст, ки онҳо ба истирдоди Азиза Мирзоева аз Олмон муваффақ шаванд. Мирзоева ҳамзамон шаҳрванди Русия ва Тоҷикистон мебошад, ки баъд аз талоқ бо шавҳараш фарзандони худашро рабудааст . Додгоҳ баъд аз талоқ фарзандонро дар ихтиёри падарашон Тоҳир Мирзоев гузошт, ки ҳоло дар Сандуқи Байналмиллалии Пул мақоми муҳимеро ӯҳдадор аст. Олмон иҷоза дод, ки Мирзоеваро ба Амрико интиқол диҳанд ва вай дар ҳаволии шаҳри Вошингтон дар додгоҳе зоҳир шуд. Мумкин аст вай барои рабудан ё дуздии фарзандони худ ба се соли зиндон маҳкум шавад. Мирзова фарзандони худро ба Аврупо бурда буд ва падари онҳо Рустам Мирзоев ба додгоҳ шикоят бурд. Вайро дар шаҳри Франкфурти Олмон боздошт карданд ва ба Амрико бурданд.
XS
SM
MD
LG