Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 50 нафар аз соҳибкорони бозори "Саховат"-и пойтахт, ки шаби 22-юми моҳи ноябр бар асари сӯхтор дӯкону амволашонро аз даст додаанд, барои кӯмак ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кардаанд.

Се нафаре, ки ба унвони намоянда аз ин гурӯҳ бо муовини раиси шаҳри Душанбе сӯҳбат кардаанд, аз натиҷаи гуфтугӯ чунин изҳори назар карданд.

  • «Ҳукумат рафтем, ҳукумат мегӯяд, ки бозорро таъмир мекунем, суғурта, ки надоред, мо хисороти моли шуморо ҷуброн карда наметавонем»;
  • «Панҷ ҳазор сомон сӯхтам. Раиси бозор мегӯяд, ки бозорро барқарор карда медиҳем, лекин кӯмаки молӣ карда наметавонем».
  • «Ваъда доданд, ки ҳар касро ба ҷойи кории худ бармегардонанд. Агар барои моли сӯхта суғурта дошта бошед, ҷубронпулӣ мегиред, агар не, ҳич кас ба шумо кӯмак намекунад. Ҳиҷ кадоми мо суғурта надорем».

Бобоҷон Абдуллоев, раиси бозори Саховат, низ ба ҳамин нукта таъкид кард ва гуфт: «Бозор суғурта дорад ва мо ҳамасола ба маблағи ду ҳазор сомонӣ бозорро суғурта мекунем. Вале соҳибкорон суғурта надоранд. Ба хулосае омадем, ки аз ҳисоби даромади бозор дӯконҳои соҳибкорон барқарор кунем ва ба ҷойҳояшон бар гардонем».

Ашёи сӯхтаро кӣ ҷуброн мекунад?

На раёсати бозор, шаҳрдорӣ ва на идораи давлатии суғурта ҷуброни молу ашёи сӯхтаи 54 соҳибкорро, ки ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ тахмин зада мешавад, бар дӯш нагирифтааст.

Икром Ғаниев, аз идораи давлатии суғуртаи ҷумҳурӣ дар ин бора гуфт, ҳар касе, ки бо идораи суғурта шартномаи имзо кардааст, ҳаққи гирифтани ҷубронпулӣ дорад. Ӯ афзуд: "Барои мисол чанде қабл як бахши бозори Шоҳмансур сӯхт. Чанд нафар амволи худро суғурта карда бу ва мо хисороти онҳоро ҷуброн кардем».

Ҷаноби Ғаниев далели ин мушкили соҳибкоронро беаҳамиятӣ ба суғуртаи саривақтии амвол хонд ва гуфт: «Ҳар як соҳибкор метавонад дӯкону амвол ва худашро низ барои рӯзи мабодо суғурта кунад. Вале мардуми мо фикр мекунад, ки ин ҳодис ба ман рух намедиҳад».


Сабаби норушани сӯхтор


Мушкили дигаре, ки соҳибкорони хисоротдидаи ин бозор ба он рӯбарӯ ҳастанд, ин сабаби сӯхтор аст. Ба қавли бархе аз соҳибкорон, ин сӯхторро касе ташкил кардааст.

Барои мисол як соҳибкор, ки аз тарси дар оянда бе ҷои кор мондан дар ин бозор номашро нагуфт, афзуд: «Мегуянд, ки аз барқ оташсӯзӣ шудааст. Вале мо се рӯз барқ надоштем. Ба назари ман, касе бензин рехта, оташ задааст».

Бобоҷон Абудуллоев, раиси бозор низ инро тайид кард ва гуфт: «Натиҷаи сӯхтор айни замон тафтиш мешавад. Фарзияҳо бисёранд. Мегӯянд, сабаби сӯхтор барқ аст. Ҳоло он ки мо он рӯз барқ надоштем. Агар касе аз дастгоҳи барқзо истифода карда бошад, мо чунин иҷозатро надода будем».

"Сирри ниҳон"-и оташсӯзӣ

Ба далели кашолкории идораи оташнишонии шаҳр дар таъйиди далели сӯхтор соҳибкорон аз он нигаронанд, ки дар ин сӯхтор сирри дигаре ниҳон аст. Ба ин далел, ки ба гуфтаи онҳо, мақомоти бозору ноҳия даъво мекунанд, ки ҷои сӯхта ғайриқонунӣ сохта шудааст.

Аммо ҳангоме, ки мо бо зиёндидаҳо сӯҳбат доштем, кормандони идораи сохтмон ва меъмории шаҳр он ҷо буданд. Як нафар, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, ин сохтмон қонунист ва бо иҷозаи шаҳрдорӣ сохта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ин авохир бар асари сӯхторҳо дар бозорҳо садҳо тоҷиру соҳибкор миллионҳо сомонӣ амволи худро аз даст доданд. Вале ҳеҷ кас муҷозот нашуд ва ҳиҷ соҳибкор ҷубронпулӣ ба даст наовард. Далел суғурта надоштан аст.

Ҳукумат далели қотеъи суғуртаро дар даст дорад, вале ин барои соҳибкоррон дарс нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG