Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархост Чин аз Амрико дар мавриди WikiLeaks


Имрӯз Чин аз Амрико хост, ки ба таври ҷиддӣ ба ифшои номаҳои электронӣ тавассути сомонаи интернетии WikiLeaks бархӯрд кунад. Ҳонг Лей-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Чин дар як нишасти хабарии маъмулӣ гуфт, Чин намехоҳад ҳеҷ халале дар муносиботи Чину Амрико бубинад. Вай гуфт:

"Чин гузоришҳои муҳимро ёддошт гирифтааст ва умед дорад, ки ҷониби Амрико ба таври зарурӣ ин масъаларо ҳал хоҳад кард. Мо дар бораи муҳтавиёти санадҳо тавзеҳот намедиҳем".


Роберт Гиббс-сухангӯи Кохи Сафед гуфт, раҳбарияти Амрико дар посух ба ифшои номаҳои электронӣ тавассути WikiLeaks чанд тадбирро баррасӣ мекунад ва бозрасӣ дар ин бора, ки ин аснод чӣ тарз ифшо шудаанд, оғоз гардидааст.
XS
SM
MD
LG