Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон мақомҳои раҳбарӣ тақсим шуд


Дар Қирғизистон се ҳизби сиёсӣ ба тавофуқи усулӣ расидаанд, ки баъд аз интихоботи моҳи гузаштаи порламонӣ эътилофи сеҳизбӣ ташкил диҳанд. Интизор меравад, ки ҳизбҳои Сотсиал-Демократ, Ҷумҳурихоҳ ва Ата-Мекен ба зудӣ дар бораи ташкили эътилоф созишномае ба имзо расонанд. Дар интихоботи 10-ӯми октябри Қирғизистон 5 ҳизби сисёсӣ тавонистанд ба порламон роҳ ёбанд, вале ҳеҷ як аз онҳо аз аксарияти кофӣ бархӯрдор нашуд, то битавонад ҳукумат ташкил диҳад. Ба ин сабаб ҳизбҳои сисёсӣ барои ташкили эътилоф бо ҳам ба музокира нишастанд. Ҳоло Алмосбек Атамбаев-раиси Ҳизби Сотсиад-Демократ ба мақоми нахуствазирӣ, Омурбек Бабанов-раиси Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ба мақоми муовини нахуствазир ва Омурбек Тикебаев-раиси Ҳизби Ата-Мекен раиси порламон пешниҳод шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG