Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Кумитаи 29 сентябр" озодии бештар мехоҳад


Имрӯз дар Душанбе гурӯҳи рӯзноманигорон ва раҳбарони расонаҳои хабарӣ, ки ба "Кумитаи 29 сентябр" дохил мешаванд, ҷаласаи навбатии худро баргузор ва дар он идомаи маҳдудият дар чопи баъзе аз нашрияҳоро баррасӣ карданд. Ин кумита дар хабари матбуотии худ гуфтааст, ки раҳбарияти кишвар бояд ба вазъи ба амаломада таъсир расонад, то нашрияҳо ва рӯзноманигрони мустақил битавонанд мисли пешин фаъолияти худро идома диҳанд. Ду моҳи пеш дастрасӣ ба сомонаҳои интернетии маҳаллии Avesta.tj а Tijnews.tj қатъ шуд ва дар чопи нашрияҳои мустақили "Фараж", "Нигоҳ" ва "Пайкон" маҳдудият пеш омад. Ҳоло ду нашрияи аввалӣ бо мушкилӣ ва махориҷи бештари молӣ дар баъзе чопхонаҳо чоп мешаванд, вале мегӯянд, мушкилиҳо рафъ нашудаанд.
XS
SM
MD
LG