Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев ба порламони Русия паём фиристод


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия паёми солонаи худро ба ҳар ду маҷлиси порламон ироа кард. Медведев дар ин паём ҳадафҳо ва вазоифи кишварашро хотирнишон кард. Вай низоми сиёсии кишварашро ба боди интиқод гирифт ва гуфт, аз он нишонаҳои рукуди харобиовар ба назар мерасад. Медведев таъкид кард, ки набуди рақобати сиёсӣ мухолифонро ба нируи заиф табдил додааст ва ба ҳизби ҳокими Русия низ асари манфӣ гузоштааст. Медведев гуфт, ки бояд низоми сиёсиро боз гузошт.
XS
SM
MD
LG