Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бишкек дар назди бинои додгоҳ инфиҷор рух дод


Бино ба гузоришҳо, дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон инфиҷоре рух додааст. Вазорати дохилаи ин кишвар мегӯяд, инфиҷор дар наздикии биное рух додааст, ки дар он ҷо мурофиаи додгоҳии шахсиятҳои боломақоми давлати барканоршудаи Қурмонбек Боқиев идома дорад. Ду корманди пулис сатҳӣ ҷароҳат бардоштаанд. Ин инфиҷор дар остонаи боздиди Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Қирғизистон сурат гирифтааст. Интизор меравад, ки ин боздид рӯзи панҷшанбе анҷом бигирад. Инфиҷор ҳамчунин баъд аз як рӯзи аз байн бурдани 4 тундрави исломӣ ба дасти нируҳои амниятии ин кишвар дар шаҳри Ӯш сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG