Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон камтар мешавад


Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират гуфтааст, то соли 2050 шумораи муҳоҷирони корӣ дар саросари ҷаҳон 405 миллион нафар камтар мешавад. Дар гузориши ин созмон омадааст, сабаби коҳиши шумораи муҳоҷирон тағири иқлим дар сайёра ва коҳиши нируи корӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд хоҳад буд. Бино ба ин гузориш, дар солҳои 1990-ӯми қарни гузашта шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон 40 миллион нафар ва дар солҳои 2005 то 2010 ҳудуди 10,5 миллион нафар зиёд шуд. Бино ба маълумоти Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират, ҳоло дар саросари ҷаҳон 214 миллион нафар муҳоҷирони корӣ мавҷуд аст. Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи муҳоҷирони кории тоҷик бештар аз як миллион нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG