Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

БОР: Захираи пиряхҳо дар Осиё камтар мешавад


Бино ба маълумоти Бонки Осиёии Рушд, об шудани пиряхҳо дар кӯҳҳои Помир ва Тён-шон, ки Тоҷикистону Қирғизистон дар ин минтақа қарор доранд, дар оянда низ давом хоҳад кард. Бино ба маълумоти ин сарчашма, чунин раванд ба захоири обӣ ва таъмини барқ дар ҳавзаи рӯдхонаҳои Омӯ ва Сир таҳдид мекунад. Дар хабари дафтари матбуотии Бонки Осиёии Рушд омадааст, дар Афғонистону Покистон дар силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш об шудани пиряхҳо бештар мешавад. Дар 50 соли ахир дар ин минтақа 30 дарсади захираи пиряхҳо камтар шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG