Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон: WikiLeaks амниятро аз байн мебарад


Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар бораи номаҳои ифшошудаи электронӣ аз сӯи сомонаи интернетии WikiLeaks изҳори назар кард ва онро "ҳамла ба ҷомеаи байналмиллалӣ" хонд. Хонум Клинтон гуфт, Амрико аз ифшои санадҳо амиқан ибрози таассуф мекунад. Вай афзуд:

"Амрико ба таври ҷиддӣ ифшои ғайриқонунии асноди касбиро маҳкум мекунад. Ин ҳаёти одамонро дар хатар мегузорад, ба амнияти мо таҳдид мекунад ва талошҳои моро барои ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар ҷиҳати ҳали мушкилоти муштарак аз байн мебарад".

Вай изҳор дошт, ки чунин кор вазифаҳоро дар бахши амнияти байналмиллалӣ ва ташкили эътилофҳо бо муттаҳидини хориҷӣ душвортар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG