Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони ду донишманди ҳастаӣ дар Эрон


Дар ду инфиҷори ҷудогона дар Теҳрон, як донишманди физикаи ҳастаӣ кушта ва як олими дигар маҷрӯҳ шудааст. Фармондеҳи пулиси Теҳрон Ҳусейн Соҷидниё гуфтааст, афроди ношинос норинҷакҳоро дар ҳоле ба мошинҳои ин ду донишманд андохтанд, ки онҳо ба сӯи дафтари кориашон мерафтанд.

Таркиши як бомб мунҷар ба ҳалокати узви бахши физикаи ҳастаӣ дар Донишгоҳи ба номи Алии Биҳиштии Теҳрон Маҷиди Шаҳриёрӣ ва ҷароҳат бардоштани завҷаи ӯ гардид. Дар таркиши дуввум донишманди физикаи ҳастаӣ Фаридун Аббосӣ ва ҳамсараш ҷароҳат бардоштаанд ва табибон вазъи онҳоро сангин арзёбӣ мекунанд.

Теҳрон боз ангушти иттиҳом сӯи ҷосусон мекунад

Раиси полиси Теҳрон гуфт, ки дар робита ба ин ҳодисаҳо ҳанӯз касе боздошт нашудааст. Ва аммо мақомоти Эрон аллакай ангушти иттиҳом сӯи ба истилоҳ “гумоштагону ҷосусони Амрикову Исроил” карданд. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки “бешак, дар ин куштор режими саҳюнистӣ ва ҳукуматҳои ғарбӣ даст доранд”.

Ӯ афзуд, ки ин ҳамлаҳо ба идомаи пажуҳиши барномаи ҳастаии кишвар таъсире нахоҳанд дошт ва таҳдид кард, ки душманон дар ояндаи наздик ҳатман муҷозот мешаванд. Кишварҳои ғарбӣ Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд, аммо мақомоти Эрон мегӯянд, ки ғанисозии уранюм дар кишвар бо аҳдофи осоишта рӯи даст гирифта шудааст.

Ҳамла фақат ба донишмандони варзида?

Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси ниҳоди нерӯи ҳастаии Эрон, ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфтааст, ки донишманди кушташуда Маҷиди Шаҳриёрӣ ба таҳияи барномаи аслии ҳастаии кишвар ҷалб шуда буд ва аммо аз додани ҷузъиёти бештар дар ин бора худдорӣ намуд.

Ба иттилоъи расонаҳои хабарӣ, Маҷиди Шаҳриёрӣ ҳамчунин дар барномаи илмии минтақаии ЮНЕСКО, Бунёди илму фарҳанг ва маорифи СММ, аз Эрон намояндагӣ мекард. Зимнан, дар ин барнома, ки ҳадафи он осонтар кардани ҳамкорӣ дар бахши илму фановарӣ дар Ховари Миёна ва ба ин васила мусоидат ба субот дар минтақа эълон шудааст, донишмандони Исроил ҳам ширкат мекунанд.

Фаридун Аббосӣ, донишманди дигаре, ки низ мавриди ҳамла қарор гирифт, ба иттилоъи сомонаи интернетии ҳукуматгарои "mashreghnews.ir", узви деринаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст. Амрико мегӯяд, ки Сипоҳи посдорони инқилоб дар таҳияи барномаи ҳастаии Эрон нақши калидӣ дорад. Ба иттилоъи ин сомона, Аббосӣ ҳамчунин аз мутаххасисони аршади бахши лазер дар вазорати дифоъи Эрон мебошад.

Кроулӣ: Дар бораи инфиҷорҳои Теҳрон иттилоъ надорем

Бори аввал нест, ки мутахассисони бахши физикаи ҳастаии Эрон ҳадафи ҳамла қарор мегиранд. Моҳи январи соли равон дар ҳодисаи ба ҳамин монанд, устоди физикаи ҳастаӣ Масъуд Алӣ Муҳаммадӣ кушта шуда буд. Он вақт ҳам афроди мотосиклсавор ба мошини донишманд бомб андохта буданд.

Соли 2007 телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки донишманди бахши ҳастаӣ Ардашер Ҳусейнпур бар асари заҳролудшавӣ аз олам даргузаштааст. Мақомоти Эрон ин ҳодисаро ҳам бо фаъолиятии илмии донишманд бастагӣ дода, дар он Исроилро айбдор намуданд. Сухангӯи ҳукумати Исроил Марк Реҷев дар посух ба ин иттиҳом гуфт, ки кишвараш ин гуна мавзӯъҳоро ташреҳ намекунад.

Имрӯз Вошинтон ҳама гуна робитааш бо ҳамлаҳои ахир ба донишмандони эронӣ дар Теҳронро рад кард. Филипп Кроулӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии ИМА изҳор намуд, “ҳама чизе, ки ман метавонам бигӯям, ин аст, ки мо ҳамлаҳои террористиро, дар куҷое, ки рух надиҳанд, маҳкум мекунем ва изофа ба ин, дар бораи ҳодисаи рухдода мо ягон иттилоъ надорем."

Ҳамлаи кибернетикӣ ба барномаи ҳастаии Эрон?

Дар ҳамин ҳол рӯзи душанбе Маҳмуди Аҳмадинажод иқрор кард, ки бахше аз сентрифугаҳои ғанисозии урани кишвараш дар натиҷаи асобати “нармафзоре, ки дар таҷҳизоти электрониаш насб шуда буд”, тахриб дидааст.

Ин изҳорот дар пасманзари сарусадоҳое нашр шуд, ки мегӯянд, барномаи ҳастаии Эрон ахиран ҳадафи ҳамлаи кибернетикӣ қарор гирифтааст. Раисиҷумҳури Эрон гуфт, ки ин ҳамла тавонист чанде аз сентрифугаҳои Эронро як миқдор хароб кунад, вале акнун мутахассисон ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои баъдӣ аз иқдоми ҷадид кор гирифтаанд.
То кунун Теҳрон асобати ин ҳамлаи компютарӣ ба барномаҳои ҳастаияшро инкор мекард. Вале Ожонси байналмилалии ҳастаӣ ҳафтае пеш хабар дод, ки корхонаи ғанисозии Натанз чанде пеш барои як рӯз аз кор мондааст.

Теҳрон омодаи мулоқот аст

Маҳмуди Аҳмадинажод ахиран ҳамчунин гуфт, ки Теҳрон барои мулоқот бо ҳайатҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ – Иёлоти Муттаҳида, Русия, Фаронса, Бритониё ва Чин ба изофаи Олмон ба хотири баррасии мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон розӣ шудааст. Ӯ афзуд, ки мавзӯъи дар куҷо баргузор шудани ин нишаст баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG