Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон амали WikiLeaks-ро маҳкум кард


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, нашри асноди дипломатии сиррӣ аз сӯи сомонаи интернетии Wikileaks-ро “ҳамла ба ҷомеъаи байнулмилалӣ” номид. Ба гуфтаи ӯ, Вошингтон аз нашри ин ҳуҷҷатҳои сиррӣ сахт муттаассиф аст. Хонум Клинтон афзуд, ки ифшои ин аснод вазифаи таъмини амнияти байнулмилалиро душвортар месозад. Ба гуфтаи ӯ, "ИМА ифшои ғайриқонунии иттилоъи сирриро қатъӣ маҳкум мекунад. Ин амал ба ҳаёти одамон ва ба амнияти миллии мо таҳдид мекунад ва ба ҳамкории мо бо дигар кишварҳо ба хотири ҳалли мушкилоти муштарак латма мезанад".
Ҳампаймонҳои Амрико низ нашри ҳуҷҷатҳои дипломатии сиррӣ аз сӯи сомонаи интернетии Wikileaks-ро як гоми бемасъулиятона хонда изҳор намуданд, ки он боиси сардшавии робитаашон бо ИМА нахоҳад шуд.
Рӯзи якшанбе сомонаи Wikileaks беш аз 250 ҳазор асноди гуногуни сиррии дипломатии амрикоиро нашр кард.
XS
SM
MD
LG