Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми нави Тариқ Азиз


Додгоҳи Ироқ дар баробари Тариқ Азиз, собиқ вазири умури хориҷӣ ва муовини сарвазир дар ҳукумати пешини Ироқ, ҳукми нав эълон кард. Мансабдори пешин бо иттиҳоми даст доштан дар куштор ва азияти курдҳои ироқӣ ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.
Моҳи гузашта Тариқ Азиз бо иттиҳоми таъқиби мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла, аҳзоби шиамазҳабҳо, маҳкум ба эъдом шуда буд. Ва аммо раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ изҳор намуд, ки амри тайиди ин ҳукмро имзо нахоҳад кард.
Аз ин пеш Тариқ Азиз бар пояи дигар иттиҳом ба 15 соли зиндон маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG