Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мо се хоҳару се бародар будем, тавре мегӯянд, дари умеди якдигар. Акнун ду хоҳар мондем. Гулнора хоҳари миёнаи мо ғурамарг шуд ва се кӯдакаш ятим монданд. Борҳо Гулнораро мо хоҳару бародарон бо чашму руйи сиёҳу кабуд ва ё дасту пойи докапеч медидаем, вале ҳамеша ба саволҳои мо ё сукут мекард ва ё баҳонаҳо мисли «нохост афтодам», «гов бо шахаш зад» -ро пеш меоварду нигоҳҳашро аз мо мегурезонд.

Қариб 5 сол шавҳари хоҳарам дар Русия мардикорӣ кард ва хабараш омад, кион ҷо зан дорад. Вале Гулнора бе иҷозати шавҳараш ба хонаи ягон хешу табор намерафт. Дар ҳамон деҳаи дурдасти ноҳияи Ваҳдат, ки дар домани кӯҳ ҷойгир буд ва на роҳи мошингард ва на ягон шароити дуруст дошт, бо се кӯдаки худрсолаш гадуму сабзавот кишт мекард ва боғдорӣ менамуду рӯзашро мегузаронд.

Боре говашон бемор мешавад ва хоҳарам мебинад, ки агар говро сар набурад шояд ба истилоҳ «ҳаром» шавад. Ӯ кордро гирифта худаш говро ҳалол мекунад. Баъди ҳамин ҳодиса хоҳарам дигар ба худ наомад ва сар аз бистари беморӣ набардошт.

Мо медонистем, ки шавҳараш ӯро мезанад, вале ҳаргиз инро иқрор намекард ва ба касе иҷоза намедод, ҳатто дар ғайбаш шавҳарашро носазо гӯяд. Мегуфт дӯсташ, ки медорам, ягон гуноҳаш дар назарам наметобад. Шояд ӯ низ дӯстам медорад, барои ҳамин рашк мекунад ва мезанад. Ягон руз бас мекардагист, мегуфт.

Бале бас кард, вақте ки ӯро дарун ба дарун маюбу маслуқ кард ва кушт.
6 моҳ пеш аз маргаш духтарча таваллуд кард, ки ҳарду чашмаш парда кашидаву нобино буд. Ҳарчанд мо ҳама кушиш мекардем, ки дар нигоҳубини навзод ба Гулнора кӯмак кунем, аммо азобу шиканҷаҳоеро,ки бо ҷони дардмандаш бо ин тифли нобино кашидааст, ки дили санг ҳам аз диданаш реш мешавад. Ташхис муаян кард, ки кӯдак ҳанӯз дар батни модар аз зарбаҳои шадиду пай дар пай ба сараш, нобино шудааст.

Дилам ба ёди хоҳарам гум мезанад. Вақте қомати баланд, чашмони калону зебо ва хандаҳову шӯхиҳояш пеши назарам меорам, дилам ба дард медарояд ва танҳо гиря андаке занги диламро мешӯяд.

Дар хурдӣ падар моро дар домани модар гузошту заҳри зиндаятимиро ба чашонд. Модарам дар чанд идораву корхона фарошшӣ мекард, то моро муҳтоҷи дари мардум набинад. Аз азобҳову сахтиҳои зиндагӣ модарам ба бемории шадиде гирифтор шуда, аз дунё гузашт. Ғами бемодарӣ, ки вазиши боди сардеро ба тани нимбараҳна мемонад, мо хоҳаронро ба ҳам қаринтар кард.

Ҳанӯз пироҳани азодориро напартофта будем, ки Гулнора сар ба бистари беморӣ гузошт. Рӯзи ҷон доданаш ду чашмаш ҷониби дар буд, ки кӯдконашро барои охирн бор бубинад. Мо ба такрор занг задем ва одам фиристодем, ки кӯдаконашро биёранд, аммо наздикони шавҳараш гуфтанд, ки Гулнора фиреб мекунад ва мехоҳад бо шавҳараш оштӣ кунад.

Ҳамин тавр хоҳаракам бо чашмони нимбоз ба роҳи фарзандонаш ҷон дод. Инак як сол аст,ки кӯдаконаш парешон асту шавҳараш дар ҷустуҷӯи зани дигар.

Духтарчаи нобиноашро, ки падар ҳеҷ ба гардан гирифтан нахост, мо ба кӯдакистони махсуси атфоли маълул додем ва пизишкони онҷо гуфтанд, ки дар сесолагиаш чашмонашро ҷарроҳӣ мекунанд.

Шоҳидон нақл карданд,ки духттраш, ки 7 сол дорад, куртаи модарашро гирифта буй мекашад ва аз падари бераҳмаш пинҳонӣ мегиряд. Писарчааш мегӯяд, ки очам дар беморхонаст, ҳоло сиҳат шава, меоя.

Мани ҷигарсӯхтаи ғами хоҳар, ки ҳаёти баъди маргро афсонае беш намедонистам, акнун ғами хоҳар водорам кардааст ва мехоҳам ба ин «афсона» бовар кунам. Ва орзу дорам, ки ҳамон зиндагии баъди марг ҳақиқат бошаду хоҳараки осоиши зиндагиро надидаамро дубора осуда бубинам.
Гуландоми 29 сола, сокини ноҳияи Ваҳдат

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG