Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ҳамла ба барномаи ҳастаии Эронро иқрор кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз эътироф кард, ки бахше аз сентрифугаҳои ғанисозии урани кишвараш дар натиҷаи асобати “нармафзоре, ки дар таҷҳизоти электрониаш насб шуда буд”, тахриб дидааст. Ин изҳорот дар пасманзари сарусадоҳоест, ки мегӯянд, барномаи ҳастаии Эрон ахиран ҳадафи ҳамлаи кибернетикӣ қарор гирифтааст.
Аҳмадинажод гуфт, ин ҳамла тавонист чанде аз сентрифугаҳои Эронро як миқдор хароб кунад, вале акнун мутахассисон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои баъдӣ иқдомоте андешидаанд. То кунун Теҳрон асобати ин ҳамлаи компутарӣ ба барномаҳои ҳастаияшро инкор мекард. Вале Ожонси байналмилалии ҳастаӣ ҳафтае пеш хабар дод, ки корхонаи ғанисозии Натанз чанде пеш барои як рӯз аз кор мондааст.
XS
SM
MD
LG