Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ дар Қирғизистон


Вазири умури дохилаи Қирғизистон Зарилбек Рисалиев гуфт, дар ҳафтаи гузашта аз як силсила ҳамлаҳои террористӣ ҷилавгирӣ карда ва 9 нафарро бо иттиҳоми таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дар нуқоти пуриздиҳоми пойтахт, шаҳри Бишкек ва шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолобод дар ҷануби кишвар боздошт кардаанд.
Пулис аз боздоштшудагон ҳудуди 15 кило маводи мунфаҷира мусодира кардааст. Рисалиев гуфт, кулли боздоштшудагон шаҳрванди Қирғизистон буда, ба як гурӯҳи тундрави исломӣ рабт доранд. Ба дунбол, тадобири амниятиро дар Бишкек ва Ӯшу Ҷалолобод тақвият додаанд.
XS
SM
MD
LG