Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони байнулмилалии мавсум ба “Дарҳои боз”, ки таҳсили донишҷӯёни хориҷиро дар мактабҳои амрикоӣ таҳлил мекунад, мегӯяд, дар соли таҳсили 2009-2010 - 288 ҷавони тоҷикистонӣ ба донишгоҳҳои ин кишвар шомил шуданд.

Ин созмон дар гузорише дар бораи тамоюли афзояндаи майли донишҷӯёни тоҷик барои таҳсил дар Амрико хабар дода мегӯяд, ки шумори онҳо имсол назар ба соли гузашта 17 % афзоиш ёфтааст.

Ин гузориш ҳокист, ки куллан дар як соли гузашта шумори донишомӯзони хориҷӣ дар Амрико то нуқтаи рекордии наздики 691 ҳазор нафар афзоиш ёфта, бештари онҳоро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд. Ҳинд ҳам дар миёни кишварҳое номбар мешавад, ки шумори бештари донишҷӯёнаш барои таҳсил ба Амрико майл мекунанд.

"Аксари донишҷӯён бо сармояи худ таҳсил мекунанд"

Дар як мусоҳиба бо масъули бахши омӯзишу парвариши донишҷӯҳои хориҷӣ дар Амрико роҷеъ ба ҳузури ҷавонҳои тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Иёлоти Муттаҳида суол кардем. Кетрин Штерн, мушовири равобит бо ҷомеаи Вазорати хориҷаи ИМА, дар дар посух менависад, наздики 62 дарсади аксари донишҷӯёни хориҷӣ дар ин кишвар бо пулҳои худ ва кӯмаки хонаводаашон ва беш аз 24 дарсади онҳо бо пулҳои коллеҷу донишгоҳҳо дар Амрико таҳсил мекунанд.

Фоизи хеле ками ҷавонҳо аз ҳисоби кордиҳанда, ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати Амрико, сармоягузорҳои инфиродӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба таҳсил сафарбар шудаанд.

Маъмулан, ҷавонҳои зиёди тоҷикистонӣ, ки таҷрибаи таҳсил дар кишварҳои пешрафта, аз ҷумла ИМА-ро гирифтаанд, орзу мекунанд дубора ба ҳамон кишвар баргашта, кор ва зиндагӣ кунанд. Аммо хонум Штерн гуфт, аз рӯи маълумоти онҳо, беш аз 95 дарcади донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар барномаҳои маърифатии ҳукумати Амрико иштирок мекунанд, ба Тоҷикистон баргашта “донишҳои андӯхтаашонро барои беҳтар сохтани ҷомеаи худ истифода мекунанд”.

Қиммати таҳсил дар Амрико

Тибқи маълумоти расмии мактабҳои олии Амрико, ҳаққи таҳсил дар мактабҳои ин кишвар, вобаста ба мӯҳлати таҳсил ва хусусияти мактаб фарқ мекунад. Масалан, ба ҳисоби миёна, барои таҳсили яксолаи донишҷӯ дар мактаби олии чаҳорсолаи умумӣ пардохти 7600 то 12 000 доллар, дар мактаби хусусӣ соле наздики 27.300 доллар ва дар коллеҷи дусолаи умумӣ соле тақрибан 2800 доллар тақозо мешавад.

Аз назари мақомоти риштаи маорифи Амрико, бештари ҷавонҳои тоҷикро сифати таълим ва обрӯмандии таҳсил дар ин кишвар ба худ ҷалб мекунад. Аз сӯи дигар, дастрас ва фарогир будани маълумот оид ба шароити таҳсил дар Амрико боиси афзоиши торафти шумори донишҷӯҳои тоҷик дар мактабҳои олии ин кишвар мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG