Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти ҳамла ба сарбозони НАТО дар Пачирагам


ISAF, нирӯҳои байналмилалии кумак ба амнияти Афғонистон, ки таҳти фармони НАТО қарор дорад, гуфт, имрӯз як марди либоси пулис дар тан дар ҷараёни як давраи омӯзишӣ дар шарқи Афғонистон 6 сарбози ин паймонро ба ҳалокат расонда ва худ низ дар ин даргирӣ кушта шуд. Аҳмадзиё Абдулзай, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, ин як афсари хоини афғон буд, ки дар улусволии ба марзи Покистон наздики Пачирагам болои сарбозони НАТО оташ кушод. Ин сарбозон нирӯҳои афғонро тамрин медоданд.
Тайи 9 соли ҷанг дар Афғонистон беш аз 2200 сарбози хориҷӣ ва аксар амрикоиҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG