Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се таркиш дар шаҳри Ӯши Қирғизистон


Имрӯз дар шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон 3 таркиш рух додааст. Сухангӯи давлат Роза Довудова гуфт, дастикам як таркиш бо дасти чирикии эҳтимолан исломие анҷом шудааст, ки ҳангоми амалиёти вижаи нирӯҳои амниятӣ ба як манзил дар шаҳри Ӯш 3 норинҷакро алайҳи онҳо ҳаво додааст. Раҳбари Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов гуфт, дастикам як тан аз нирӯҳои амниятӣ захмӣ шудааст.
Сухангӯи пулиси маҳаллӣ гуфт, ҳадафи амалиёт аъзои гурӯҳи манъшудаи мазҳабии Ҳизб-ут-Таҳрир буд.
Ҷузъиёти ду таркиши дигар ҳанӯз рӯшан нест.
Дар моҳи июн Ӯш як нуқтаи аслии хушунатҳои қавмӣ байни узбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон буд. Бар асари он хушунатҳо беш аз 400 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG