Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар қатли олимаш CIA ва Моссадро айбдор мекунад


Вазири кишвари Эрон Мустафо Муҳаммад Наҷҷор хадамоти иктишофии Амрикову Исроил - CIA ва Моссадро ба даст доштан дар қатли донишманди аршади ҳастаии Эрон айбдор кард. Имрӯз ду ҳамлаи алоҳида, вале ҳамсони бомб дар Теҳрон як донишманди маъруфи ҳастаии Эронро кушта ва якеро захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳамлагарон савори мотосиклҳо бомбҳоро дар роҳ ба сӯи кор дохили мошинҳои ин ду донишманд андохтаанд. Як бомб мунҷар ба ҳалокати устоди бахши ҳастаии Донишгоҳи Биҳиштии Теҳрон Маҷиди Шаҳриёрӣ шуда, дар таркиши дуввум Фаридун Аббосӣ ҷароҳатҳои сангин бардошт.
Телевизиони Эрон аз қавли Муҳҳамад Наҷҷор гуфт, ки ҳадафи бомбгузориҳо “манъи пешрафти илмии Эрон” аст.
XS
SM
MD
LG