Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикову муттаҳидинаш WikiLeaks-ро маҳкум мекунанд


Амрико ва муттаҳидинаш оғози нашри қариб 250 000 номаи дипломатӣ дар сомонаи моҷароҷӯи WikiLeaks-ро маҳкум карданд. Ин пораҳои мукотиботи дипломатии Амрико аз даъвати раҳбарони арабӣ ба ҳамла болои Эрон то нигарониҳо дар бораи амнияти маводи ҳастаии Покистонро дар бар мегирад. Номаҳои махфии дипломатҳои амрикоӣ ҳамчунин ҳарфҳои нохушоянде дар мавриди раҳбароне, чун раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ва дигарон доштааст.
Кохи Сафед нашри ин аснодро кори “хом”е номид, ки ҳаёти дипломатҳо ва афроди дигарро зери хатар мегузорад.
Муттаҳидини Амрико низ нашри ин аснодро маҳкум карда гуфтаанд, ин амал ба равобити онҳо бо Вошингтон латма нахоҳад зад.
Wikileaks гуфтааст, мукотиботи махфии сафоратхонаҳои Амрикоро батадриҷ нашр хоҳад кард. Аммо ҳамаи ин аснодро алакай дар ихтиёри 5 нашрия, бо шумули рӯзномаи амрикоии “The New York Times”ва 4 нашрияи чопи Аврупо қарор додааст.
XS
SM
MD
LG