Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии Молдова аз бунбаст зери суол боқӣ мемонад


Бар асоси шумориши 95 дарсади оро, дар интихоботи Молдова эътилофи аҳзоби рӯ ба Аврупо назар ба коммунистҳо пешсаф аст. Се ҳизби эътилофи ҳамоиш бо Аврупо феълан 51 дарсади оро ва коммунистҳо 40,5 дарсадро дар даст доранд.
Аммо ин миқдори оро ба 3 ҳизби шомили эътилофи ғарбгарои сарвазир Влад Филат дар парлумони оянда ҳамагӣ 57 курсӣ медиҳад, дар ҳоле ки ба эътилоф барои интихоби раисиҷумҳур ва раҳоии Молдова аз бунбасти сиёсие, ки якуним сол боз идома дорад, 61 курсӣ аз 101 курсии парлумон лозим аст. Коммунистҳо то ҳол аз ҳар навъ талоши интихоби раисиҷумҳури рӯ ба Ғарб пешгирӣ мекарданд.Коммунистҳо то ҳол аз ҳар навъ талоши интихоби раисиҷумҳури рӯ ба Ғарб пешгирӣ мекарданд.
Нозирони байналмилалӣ гуфтаанд, интихоботи Молдова шаффофу холисона гузашт. Натоиҷи ниҳоии раъйгирӣ шоми имрӯз эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG