Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашин ба кори хабарнигорӣ идома хоҳад дод


Хабарнигори рӯзномаи “Коммерсант”, чопи Маскав, Олег Кашин гуфтааст, бо вуҷуди латукӯб ва ҷароҳатҳои вазнине, ки бардошт, ба кори хабарнигорӣ идома хоҳад дод. Олег Кашини 30-сола рӯзи 6 ноябр дар даромадгоҳи манзилаш дар Маскав ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифта, то 15 ноябр дар ҳоли мадҳушӣ қарор дошт. Тайи муддати табобат дар бемористон Кашинро, ки пойҳояш шикаста, ҷоғу ангуштонаш маҷрӯҳ шуда буд, чанд дафъа ҷарроҳӣ ҳам карданд. Дар нахустин матлабе, ки Кашин баъд аз латукӯб шуданаш имрӯз дар “Коммерсант-Власт” нашр кард, ӯ навиштааст, ки “онҳо ҳеҷ гоҳ даҳони маро нахоҳанд баст.” Аммо ӯ то ҳол шарҳ надода, ки дар паси ин ҳамла кӣ меистод.
XS
SM
MD
LG