Пайвандҳои дастрасӣ

Бо шумориши 95 дарсади орои интихобкунандагон, бунбасти тӯлонии сиёсӣ дар Молдова ҳамчунин боқӣ мондааст. Акнун мубориза барои ташкили ҳукумат миёни Ҳизби коммунистӣ ва эътилофи нерӯҳои сиёсии хостори ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо оғоз шудааст.

Натиҷаҳои муқаддамотии ин интихобот нишон медиҳад, ки эътилофи моил ба Ғарб ё хостори ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо барои интихоби раиси ҷумҳур чанд курсӣ камтар дорад. Дар Молдова тибқи Қонуни Асосӣ, раиси ҷумҳурро парлумон интихоб мекунад.

Пешсафии эътилофи моил ба Ғарб

Ва барои интихоби раиси ҷумҳур ҳар ҳизб ё эътилоф бояд аз ҷонибдории 61 намояндаи парлумон бархӯрдор бошад. Дар сурати интихоби раиси ҷумҳур, Молдова метавонад аз бунбасти сиёсӣ, ки аз моҳи апрели соли 2009 ба ин сӯ идома дорад, берун ояд. Ин кишвар дар ду соли гузашта се интихоботи парлумонӣ баргузор кард.

Аз эътилофи моил ба Ғарб, ки аз 4 ҳизби сиёсӣ иборат аст, Ҳизби "Молдоваи мо" натавонистааст садди 5 дарсадиро бигзарад. Ба ҳамин далел, ин эътилоф акнун ба таври мустақил наметавонад раиси ҷумҳур интихоб кунад.

Акнун ин эътилоф низ бояд барои интихоби раиси ҷумҳур ва ташкили ҳукумат бо ҳизбҳои дигар вориди музокира шавад. Ҳизби коммунист ҳам, ки бештар аз ҳар ҳизби дигар соҳиби курсиҳои парлумон шудааст, наметавонад мустақилона раиси ҷумҳур интихоб кунад. Яъне бо вуҷуди ин, ки ин ҳизб дар натиҷаи интихобот бузургтарин нерӯ дар Молдова эътироф шудааст, вале он ҳам бояд бо ҳизбе ё гурӯҳе барои расидан ба ҳадаф музокира кунад.

Ин ҳизб 41 дарсади ороро ба даст овардааст. Ҳизби Влад Филат-нахуствазир бо 28 дарсади оро дар зинаи дуввум аст. Ҳизби Демократ 13 дарсад ва Ҳизби Озодихоҳ ё Либерал 8,8 дарсад рай гирифтаанд.

Молдова намояндагони нави худро интихоб кард

Интизор меравад, ки шумориши оро то охири имрӯз ба поён расад. Бино ба пешгӯиҳо, мумкин аст эътилофи озодихоҳ ё моил ба Ғарб дар парлумон соҳиби 57 курсӣ шавад, ки аз интихоботи пешин 4 курсӣ бештар аст, яъне ин эътилоф аз интихоботи гузашта то ҳол пешрафт кардааст. Парлумони Молдова 101 намоянда дорад.

Юрий Чокан-дабири Кумиссиюни марказии интихоботии Молдова дар як нишасти хабарӣ дар Кишинёв-пойтахти Молдова ба хабарнигорон гуфт:

"Ҳизби коммунист 44 курсӣ, Ҳизби Либерал-Демократ 31 курсӣ, Ҳизби Демократ 15 курсӣ ва Ҳизби Либерал 11 курсӣ ба даст овардаанд. Вале ин тақсимбанӣ ба зудӣ баъд аз расман расидани натиҷаҳои интихобот аз хориҷи кишвар тағйир хоҳад ёфт".

Сарнавишти 4 курсии дигари парлумон дар дасти онҳоест, ки дар хориҷ аз Молдова раъй додаанд. Агар эътилофи моил ба Ғарб барандаи ҳамаи ин чаҳор курсӣ шуда бошад, дар он сурат 61 намояндаи ҷонибдор хоҳад дошт ва раиси ҷумҳурро интихоб хоҳад кард.

Вале коршиносон мегӯянд, ки имкон дорад онҳо танҳо 3 курсиро соҳиб шаванд ва як раъй барои комёбии онҳо камӣ мекунад. Влад Филат-нахуствазир шоми 28-уми ноябр гуфт, эътилофи онҳо корҳои зиёде дар пеш дорад:

"Мо метавонем натиҷаҳои ин интихоботро ҷашн гирем, вале
ин ҷашн бояд хеле кӯтоҳ бошад, мисли натиҷаҳо. Қабл аз ҳама ин ба маънии масъулият аст, ки мо онро бояд шурӯъ аз пагоҳ бо корамон собит созем".


Ҳизби Коммунист баъди аз даст додани аксарият дар парлумон дар моҳи июли соли 2009, шеваҳои печидаи корро пеш гирифт. Қонунро байкот кард ва нахост дар интихоби каси дигаре ба ҷои президенти коммунист Владимир Воронин ширкат кунад.

Коммунистҳо натоиҷи беҳтареро интизоранд

Марк Ткачук, яке аз мақомоти расмии Ҳизби Коммунист шаби гузашта ба рӯзноманигорон гуфт, ҳизби онҳо натиҷаҳои ниҳоиро мунтазир мешавад:

" Ба зудӣ, ҳар вақт, ки мо аз Кумиссиюни марказии интихоботӣ натиҷаҳои расмӣ ва қонуниро ба даст овардем, Ҳизби комммунист дар бораи он тавзеҳот хоҳад дод".

Дар остонаи интихобот коммунистҳо гуфта буданд, ки 65 раъй ба даст меоранд ва бо чунин изҳорот бар он ишора карданд, ки роҷеъ ба натиҷаҳои расмии интихобот вориди баҳс хоҳанд шуд.

Ҷараёни интихоботи парлумонии Молдова бештар аз 300 нозир назорат карданд. Дар миёни онҳо нозирон аз САҲА, аз Дафтари ҳамкориҳои Аврупо барои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар буданд. Ин нозирон дар гузоришҳои муқаддамотии худ гуфтаанд, ки интихобот озоду одилона баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG