Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҷаби Мирзо аз сардабирии "Имрӯз Нюс" канор рафт


Хабарнигори маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, ҳамкориро бо “Имрӯз Нюс”, танҳо нашрияи чопи ҳаррӯза дар Тоҷикистонро қатъ кардааст ва дигар сардабири ин нашрия нест. Раҷаби Мирзо аммо гуфт, фикр намекунад, ки аз нашр бозмондани “Имрӯз Нюс” дар 5 рӯзи пеш ба шахси сардабири ин рӯзнома бастагӣ дорад.
“Имрӯз Нюс” аз аввали моҳи сентябр ба ин сӯ 5 дафъа дар ҳафта нашр мешуд, вале рӯзи чоршанбе аз нашр бозмонд. Масъулонаш мегуфтанд, ки ин натиҷаи кадом фишор нест, балки нашрия ба далели мушкилоти молӣ аз нашр монда, ба муҷарради рафъи ин мушкил дубора рӯи чопро хоҳад дид.
XS
SM
MD
LG