Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи як овозхони пашту дар Покистон


Пулис дар ҷанубуғарби Покистон ба таҳқиқи сабабҳои ҳалокати ҳунарпеша ва овозхони маъруфи пашту Ёсуман Гул шурӯъ кардааст. Ҷасади ин овозхони 25-сола рӯзи шанбе аз манзилаш кашф ва ба бемористони Кветта интиқол дода шуд.
Ёсуман Гул бо хондани таронаҳои мардумӣ дар миёни паштуҳои ҳам Покистону ҳам Афғонистон маъруфият дошт.
Ӯ ахиран баъди издивоҷ аз идомаи ҳунарнамоӣ даст кашид. Модари овозхон акнун шавҳар ва додарарӯси ӯро дар қатли Ёсуман айбдор мекунад. Аммо ба гуфтаи пулис, шавҳараш ин иттиҳомро радд кард, ғолибан истифодаи беш аз ҳадди машруботро иллати марги Ёсуман номидааст.
Соли гузашта дар Пешовар овозхони дигар Аймон Удас низ кушта шуда буд.
Ва дар рӯзи марги Ёсуман Гул хабар омад, ки Мушарраф Бангош, як хонандаи дигари пашту ҳамроҳ бо 3 дӯсташ дар минтақаи Миралии Вазиристони шимолӣ, дар роҳ ба сӯи Пешовар рабуда шудааст.
XS
SM
MD
LG