Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон низ бозорҳои молиро ба оромӣ даъват кард


Фаронсаву Олмон, бузургтарин иқтисодҳои минтақаи евро, мегӯянд, 85 миллиард евро кумаки ИА ва Сандуқи байналмилалии пул (СБП) ба иқтисоди буҳронии Ирландия нигаронии бозорҳои молӣ дар мавриди суботи пули воҳиди Аврупоро ба сурати муассир таскин хоҳад бахшид. Вазири будҷаи Фаронса Франсуа Барон гуфт, Фаронсаву Олмон ба ҳифзи евро мутақоид буда, нахоҳанд гузошт, ки он гаравгони бозорҳо шавад. Вазири молияи Олмон Волфганг Шёбле хостори “оромтар ва воқеъбинтар” шудани бозорҳои молӣ шуд.
XS
SM
MD
LG